Намояндагии Вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, дар миёни беш аз 100 муҳоҷири боздоштшуда дар канори Маскав шаҳрвандони ин кишвар низ қарор доранд. Пулиси Русия рӯзи 22-юми май гурӯҳи муҳоҷиронеро боздошт кард, ки назди маркази муҳоҷирони Сахарово бо як гурӯҳ доғистониҳо занозанӣ карданд.
Иброҳим Аҳмадов, сухангӯи намояндагии Вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия, рӯзи 23-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, кормандони ин ниҳод ба ҷойи ҳодиса рафтаанд.
“Дар ҳақиқат, дар миёни боздоштшудаҳо шаҳрвандони кишвари мо ҳастанд, вале шумораашон дақиқ нест. Сабаби ин ҷанҷолро таҳқиқ дорем. Дар миёнашон захмӣ нест”, - гуфт ӯ.
Валентина Чупик, як мудофеи ҳуқуқи муҳоҷирон дар саҳифаи Фейсбукиаш навиштааст, ки занозанӣ миёни таксиронҳои тоҷик ва таксиронҳои доғистонӣ ба хотири ҷойи сердаромади кор сар задааст.