Пирӯзии номзади рӯ ба Маскав дар даври аввали интихоботи шаҳрдории Кишинёв

Ион Чебан

Номзади рӯ ба Маскави ҳизби сотсиалистии Молдова дар мақоми мири шаҳри Кишинев Ион Чебан дар даври аввали интихобот рӯзи 20 май ғалаба ба даст овард. Ба фоидаи Чебан дар интихобот 41 дарсад овоз доданд. Дар мақоми дуюм бо 31 дар сади раъйҳо Андрей Нестасе, номзади ҳизби рӯ ба Аврупои «Шараф ва ҳақиқат» қарор гирифт. Чебан ва Нестасе бояд баъди ду ҳафтаи дигар барои курсии шаҳрдорӣ мубориза баранд.

Дар овоздиҳии дигари шаҳраки хурдтари Балтии Ҷумҳурии Молдова, ҳамчунин як номзади рӯ ба Русия пирӯз шуд. Интихобот баъди он даъват шуд, ки шаҳрдорони пешини Кишинёв ва Балтӣ ба нишони эътироз аз боз шудани парвандаи ҷиноӣ алайҳи онҳо, ки ба боварашон дорои ангезаҳои сиёсӣ мебошад, ба истеъфо рафтанд. Интихоботи рӯзи 20 май барои ҳама ҳизбҳои сиёсии фаъол дар Молдова як имтиҳон барои санҷиши мизони маъруфияти онҳо буд.