Котиби давлатии ИМА Майк Помпео қарор аст рӯзи 21 май стратегияи нави ИМА дар нисбати Эронро муаррифӣ кунад ва ин нахустин суханронии ӯ баъди ба ин мақом таъин шуданаш хоҳад буд. Мақомоти амрикоӣ гуфтанд, ки Помпео қарор аст як «харитаи дипломатии роҳ» барои Эронро муаррифӣ кунад. Суханронӣ дар бунёди «Мерос»-и воқеъ дар Вашингтон (Heritage Foundation in Washington) ду ҳафта баъди эълони президент Трамп дар бораи аз созиши ҳастаӣ берун шудани Эрон садо хоҳад дод.
Созиши ҳастаӣ бо Эронро соли 2015 Чин, Русия, Фаронса, Олмон, Бритониё ва ИМА имзо карданд.
Ҳадафи созиш ин буд, ки Эрон ҳамаи фаъолиятҳои барномаи ҳастаиро қатъ ва ғарб аксари кулли таҳримҳои иқтисодии ҷорикардаашро болои ин кишвар бекор мекунад. Вале президент Доналд Трамп рӯзи 8 май гуфт, ки кишвараш аз ин созиш берун мешавад ва дубора таҳримҳои шадидтаре болои Эрон таҳмил мекунад.