Коршарики собиқи Низомхон Ҷӯраев боздошт шудааст

Низомхон Ҷӯраев

Маъмурони Оҷонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон раиси бузургтарин корхонаи гидрометаллургии “Тамохуш”, коршарики собиқи Низомхон Ҷӯраев, раҳбари фирории корхонаи кимиёвӣ дар шимоли кишварро боздошт карданд. Турдӣ Ҷонмаҳмадов, раҳбари корхонаи «Тамохуш»-и Исфара, ки охири моҳи апрел боздошт шудааст, ба “қаллобӣ дар ҳаҷми махсусан бузург” ва “сохтакорӣ” муттаҳам мешавад.

Ин корхона металҳои рангаю нодирро коркард мекунад ва яке корхонаҳои муҳими саноатӣ дар Тоҷикистон маҳсуб мешавад. То пошхӯрии Шӯравӣ ин корхона барои Вазорати дифои СССР маҳсулот тавлид мекард ва фаъолияташ сиррӣ ба шумор мерафт.

Турдӣ Ҷонмаҳмадов 11 сол раҳбарии ин корхонаи азими саноатиро бар дӯш дошт. Пас аз боздошт ва ифтитоҳи парвандаи ҷиноятӣ Ҷонмаҳмадов аз мақомаш барканор шуд. Ҳоло ба ҷойи ӯ Дилшод Расулзода, ки то моҳи апрел раиси шаҳри Исфара буд, раҳбари ин корхона таъйин шудааст.

Наздикон ва онҳое, ки Турдӣ Ҷонмаҳмадовро мешиносанд, бо иттиҳоми эълоншуда алайҳи ӯ бовар надоранд. Халил Абдукаримов, нафаре, ки дар гузашта бо Ҷонмаҳмадов ҳамкорӣ доштааст, рӯзи 20-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, то як соли пеш фаъолияти ин корхона борҳо тафтиш шуда буд ва танҳо “камбудҳои хурди ислоҳшаванда” пайдо мешуд. Аммо ин бор, ба гуфтаи ӯ, камбудиҳое ошкор шуд, ки тасаввур надоштанд.

“Дар лаҳзаҳои мушкил сармояи хориҷиро ҷалб кард. Бо ширкатҳои Бритониё, Русия ва Эрон ҳамкориро ба роҳ монд. Кор бе камбуд намешавад, вале боздошту ҳабси як мутахассис ба фоидаи кор нест. Мо аз додгоҳ умед дорем, ки ин касро сафед мекунад”, - гуфт ӯ.

Исфара, яке аз шаҳрҳои Тоҷикистон дар марзи Қирғизистон аст, ки корхонаҳои зиёди саноатӣ дорад. Қазияи Низомхон Ҷӯраев, раҳбари яке аз корхонаҳои саноатии Исфара ҳанӯз пурсару садо боқӣ мондааст.

Нисбат ба Низомхон Ҷураев - собиқ вакили маҷлиси вилояти Суғд ва сарвари пешини корхонаҳои кимиё ва спирти Исфара тирамоҳи соли 2007 парвандаи ҷиноӣ боз шуд. Соли 2014, дар ҳоле ки парвандааш дар баррасӣ қарор дошт, аз нопадид шуд. Моҳи феврали соли 2018 дар Украина боздошт шуд, вале баъдан раҳо шуд.