Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ корхонаи дӯзандагии "Гулистон"-и Душанберо ба фурӯш гузоштааст. Ин корхонаи дӯзандагӣ, ки қаблан ба Зайд Саид – вазири пешини саноат – ва Дмитрий Фирташ – сармоядори украинӣ – тааллуқ дошт, бори севум ба савдо гузошта мешавад. Мақомот қаблан гуфта буданд, ки корхона дар ду музоядаи гузашта харидоре наёфт.
Ҳукумат бори аввал соли 2014 ин корхонаро ба қимати 32 миллион сомонӣ ба фурӯш гузошта буд
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ин бор "бино ва иншооти Ҷамъияти саҳомии кушодаи Гулистон"-ро бо нархи ибтидоии 784 ҳазору 436 сомонӣ ба фурӯш гузоштааст. Як манбаи огоҳ рӯзи 19-уми май гуфт, ки музоядаи фурӯши "Гулистон"-и Душанбе рӯзи 23-юми майи имсол дар пойтахт доир хоҳад шуд.
Корхонаи дӯзандагии "Гулистон", ки дар кӯчаи Теҳрони Душанбе ҷойгир аст, то замони мусодира шудан ба Дмитрий Фирташ, миллиардери украинӣ ва хонаводаи соҳибкори зиндонӣ Зайд Саид мутааллиқ буд. Ин корхона шими “ҷинс” ва куртаи пахтагӣ истеҳсол карда,
маҳсулоташро асосан ба кишварҳои Аврупо содир менамуд.
Ин корхона соли 2014, пас аз боздошт ва зиндонӣ шудани Зайд Саид бо қарори Додгоҳи иқтисодии шаҳри Душанбе ба фоидаи давлат мусодира гардид. Пас аз мусодираи он, корхона нуфузашро аз даст дод ва дар пайи як мушоҳидаи хабарнигори Радиои Озодӣ дар ду соли қабл дастгоҳҳояш низ кор намекарданд.
Ҳукумат бори аввал, соли 2014, ин корхонаро бо нархи 32 миллион сомонӣ ба фурӯш гузошта буд.
Дмитрий Фирташ дар оғози солҳои 2000-ум як муддат ба таври фаъолона ба бозори Тоҷикистон пой гузошт ва дар соли 2002 “Тоҷиказот” - бузургтарин корхонаи тавлиди нуриҳои минералӣ, воқеъ дар шаҳри Кушиниён (Сарбанди собиқ)-и вилояти Хатлон ва соле баъд корхонаи дӯзандагии “Гулистон” дар маркази Душанбе ва корхонаи “Абрешими Хуҷанд” дар маркази вилояти Суғдро хусусӣ гардонд.
Аммо тиҷоратҳои Фирташ дар Тоҷикистон омад накард. “Тоҷиказот” ба далели қатъ шудани воридоти гази Узбакистон ҳанӯз дар соли 2008 аз кор монд ва умури “Гулистон”-ро ҳам ӯ дар солҳои охир ба наздикони Зайд Саид супурда буд, ки гардонаш кунанд. "Тоҷиказот" дертар ба ихтиёри давлат гузашт.
Зайд Саид соли 2013, баъди таъсиси ҳизби “Тоҷикистони нав” боздошт ва дар доираи чанд парванда ба 29 соли зиндон маҳкум шуд. Ӯ ва тарафдоронаш ин ҳукмро "сиёсӣ" хонданд.