Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амирқул Азимов аз раҳбарии "Пойтахт" озод шуд


Акс аз соли 2014
Акс аз соли 2014

Амирқул Азимов – дабири пешини Шӯрои амнияти Тоҷикистон – аз раҳбарии маркази тиҷоратии "Пойтахт" озод шуд. Масъулони маҷмаа гуфтанд, ки моликони рус ва қазоқи маркази тиҷоратӣ нахостаанд, Азимов раҳбари ин муассиса бошад.​

Ӯ гуфт, баъди хатми кор дар маҷмаи “Пойтахт” дар ҳалқаи оила даври пирӣ меронад.

Як масъули Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи "Рос Азия Инвест" - молики маркази тиҷоратии "Пойтахт" - рӯзи 22-юми март ба Радиои Озодӣ гуфт, Амирқул Азимов дигар раҳбари онҳо нест ва алакай каси дигар ҷойгузини ӯ шудааст. Ин ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ гуфт, Азимови 70-сола моҳи феврал аз мақом рафт, зерони моликони "Пойтахт" қарордоди ӯро тамдид накарданд.

Масъули "Рос Азия Инвест" аз роҳбари нави маҷмааи тиҷоратӣ ном набурд ва танҳо гуфт, ки "ӯ як шаҳрванди Тоҷикистон аст".

Баҳси додгоҳии марбут ба маҷмаи "Пойтахт"

Муҳокимаи Фирдавс Ниёзбадалов ва ҳамроҳонаш паси дарҳои баста гузашт
Муҳокимаи Фирдавс Ниёзбадалов ва ҳамроҳонаш паси дарҳои баста гузашт

Амирқул Азимов соли 2016 ва баъди он ба мақоми раҳбарии маҷмаи тиҷоратии "Пойтахт" расид, ки бо як қарори додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ нисфи саҳмияҳои ин муассиса ба ихтиёри соҳибкори қазоқ Серикбол Окушев вогузор шуд. Исми Окушев дар парвандаи марбут ба соҳибкор Зайд Саидов зикр мешавад. Саидов охири соли 2013 ба 29 соли зиндон маҳкум шуд.

Моликони пешини ширкати "Рос Азия Инвест" (соли таъсисаш 2007) гуфтанд, ки 51 дар сади саҳмияҳо ба шаҳрванди Русия ва 49 дар сад ба Зайд Саидов тааллуқ дошт. Баъди мусодираи амволи Зайд Саидов аз ҷониби Оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ин саҳмияҳо бояд ба фоидаи давлат мегузашт. Вале дар ниҳоят ин муассиса ба ихтиёри соҳибкори қазоқ гузашта шуд.

"Аҳволи Фирдавс дар боздоштгоҳ хуб аст”

Маркази тиҷоратии "Пойтахт"
Маркази тиҷоратии "Пойтахт"

Маҷмаи тиҷоратии "Пойтахт", ки сохтаи соҳибкор Зайд Саидов буд, то ду соли пеш мақоми баҳсӣ дошт, вале додгоҳ гуфт, тасмими ба соҳибкори қазоқ вогузор шудани ин ширкат аз рӯи қонун буд. Яке аз муфаттишоне, ки қазияи Зайд Саидовро дар Оҷонсии зидди фасод таҳқиқ кардааст, Фирдавс Абдуғаффорзода (Ниёзбадалов) – домоди Амирқул Азимов буд. Ниёзбадалов соли 2017 дар қатори 10 корманди собиқи Оҷонси зидди коррупсия барои даст доштан дар фасод ба муҳлати 13 сол аз озодӣ маҳрум шуд.

Амирқул Азимов дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, вазъи домодаш дар зиндон хуб аст. Ба гуфтаи ӯ, мувофиқи реҷаи нишондодаи зиндон ӯ ва дигар наздиконаш ба хабаргириаш мераванд.

Бо гузашти наздики як сол аз боздошту баррасиҳои парвандаи кормандони собиқи Оҷонси зиддифасод, аз ҷумла Ниёзбадалов, Амирқул Азимов имрӯз ҳам мегӯяд, ҳамеша ба адолат ва қонун бовар дошт ва “дигар хел фикр карда наметавонад". Вай нагуфт, ки то куҷо домодашро гунаҳкор меҳисобад ва нисбат ба ҳукми содиршуда чӣ назар дорад. Танҳо гуфт, бо сабаби муҳри махфӣ доштани парвандаи домодаш қазияро пурра омӯхта натавонист.

"Ман чӣ гуфта метавонам, вақте факт надорам?"

Генерал Азимов гуфт, “тафтишот, назорати додситонӣ ва додгоҳ ба ҳамин хулоса омаданд, ман чӣ гуфта метавонам? Намедонам, ки ин қазия ба кӣ даркор буд. Он чизе, ки буд, дар ниҳоят маълум шуд. Ман агар ягон факт медоштам, назари дигарро мегуфтам. Мо, ки худамон ба қонун, ба адолат ҳамеша бовар дорем, дар ин ҷо дигар хел фикр карда наметавонам.”

Ин дар ҳолест, ки дар авҷи баррасии парвандаи кормандони Оҷонси зидди коррупсия як генерали дигари баландпоя, ки исми писараш бо гумони даст доштан дар фасод зикр мешуд гуфт, “ин ҷо корҳои дигаре мегузарад” ва афзуд, “бо гузашти вақт ҳақиқат ошкор мешавад”.

Зайд Саидов
Зайд Саидов

Вале бо гузашти як сол аз он ҳодисаҳо то имрӯз матбуот дар бораи ҷузъиёти парвандаи гурӯҳи мақомдорони собиқи Оҷонси зиддифасод хабар наёфт ва мақомот бо далели мӯҳри махфӣ доштани ин парванда аз шарҳи он худдорӣ мекунанд. Дар миёни маҳкумшудаҳо – собиқ муовини аввали раиси Оҷонсӣ ва чанд фарзанди мақомдорони собиқи сохторҳои қудратии Тоҷикистон мебошанд.

Амирқул Азимов аз нафарони боэътимоди раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дониста мешуд, ки аз замони Шӯравӣ то соли 2011 вазифаҳои муҳимро бар зимма дошт. Ӯ дар мақомҳои муовини вазири дифоъ, мушовири амниятии раиси ҷумҳури Тоҷикистон, Додситони кулл ва баъди ин дар мақоми дабири Шӯрои амният кор кардааст.

Ӯ мегӯяд, баъди хатми кор дар маҷмаи “Пойтахт” дар ҳалқаи оила даври пирӣ меронад.

XS
SM
MD
LG