Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия, аз кишварҳои исломӣ хост, то аз фаластиниён ҳимоят карда ва ба гуфтаи ӯ, алайҳи Исроил мубориза кунанд. Изҳороти Эрдуғон рӯзи 18-уми май дар нишасти сарони кишварҳои исломӣ дар Истанбул садо дод.
Ӯ дар изҳороташ иқдоми Исроил алайҳи фаластиниҳоро ба озору азияти миллатгароён болои яҳудиҳо тайи Ҷанги дувуми ҷаҳонӣ монанд кард.
Раиси ҷумҳури Туркия кушта шудани беш аз 60 нафар аз эътирозгарони фаластинӣ аз тарафи нирӯҳои исроилиро шадидан маҳкум намуд. Ӯ ҳамчунон интиқоли сафорати Амрико аз Телавив ба Байтулмуқаддасро мавриди интиқод карор дод.
Мунтақидони Раҷаб Таййиб Эрдуғон мегӯянд, ӯ талош дорад бо суханронӣ дар мавриди вазъияти Ғазза таваҷҷуҳи мардумро аз интихобот дар Туркия, ки қарор аст пеш аз муҳлат баргузор шавад, ба дигар тараф барад.