Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев рӯзи 17-уми май бо Котиби давлатии Амрико Майк Помпео мулоқот кард. Мирзиёев нахустин президенти Узбекистон аст, ки баъд аз соли 2002 сафари расмиеро дар ИМА анҷом медиҳад.
Рӯзи гузашта ҳамчунин мулоқоти Шавкат Мирзиёев бо раҳбари Пентагон Ҷеймс Мэттис баргузор шуд. Мэттис барои пуштибонии Мирзиёев аз амалиёти НАТО дар Афғонистон ва "равиши ҳамгироияш" бо кишварҳои ҳамсоя изҳори сипос кард.
Мэттис гуфт, "манфиатҳои Узбекистон ва НАТО дар бахши амният ҳамсонанд" ва афзуд, "ИМА мехоҳад дар мубориза бо терроризм ва амнияти марзҳо ҳамкории танготангро бо Узбекистон ба роҳ монад".
Мулоқоти Шавкат Мирзиёев бо раҳбари Пентагон як рӯз баъд аз изҳороти Кохи Сафед баргузор шуд, ки аз "оғози даври нави шарикии стратегии Вашингтону Тошканд" хабар дод. Кохи Сафед гуфт, президенти ИМА Доналд Трамп эътироф кард, ки Узбекистони таҳти раҳбарии Мирзиёев ба ислоҳоти муҳими сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ муваффақ шуд.
Тармп ваъда кард, ИМА барои ҳамоиш ба Созмони ҷаҳонии тиҷорат ба Тошканд кумак мекунад. Департаменти давлатии Амрико иттилоъ дод, ки дар ҷараёни сафари Шавкат Мирзиёев мансабдорони ду кишвар дар бахши омӯзиш 2 созишнома имзо карданд.