Вазъи саломатии устод Мӯъмин Қаноат, яке аз тавонотарин шоирони муосири тоҷик, вахим шудааст. Наздиконаш мегӯянд, ки аз шаби гузашта вазъи шоир хеле вазнин шуда, аз сухан мондааст. Муъмин Қаноат бештар аз як моҳ аст, ки дар бистари беморӣ қарор дорад.
Наздикони Мӯъмин Қаноат рӯзи 18-уми май дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки аз шаби гузашта шоири маъруф зери назорати ҷиддии табибон қарор дорад. "Аллакай ӯ дигар сухан карда наметавонад, вазъи саломатиаш хеле вазнин аст. Ду табиб дар наздаш ҳастанд ва лаҳзае ӯро аз назорат берун намемонанд",-афзуданд наздикони Муъмин Қаноат.
Мӯъмин Қаноати 86-сола феълан дар манзилаш дар шаҳри Душанбе зери муроқибати табибон қарор дорад. Вазъи саломатии ӯ охири моҳи марти соли равон бад шуда буд. Матлуба Қаноат, ҳамсари Мӯъмин Қаноат мегӯяд, шавҳараш ду сол боз аз дарди дил ва фишорбаландӣ ранҷ мекашад.
Ин шоири маъруфи тоҷик дорои мактаби вижаи достонсароӣ мебошад ва бо тозакориҳои шигифтангези худ дар адабиёти ҷаҳонӣ шӯҳрати хоса пайдо намудааст. Ӯ солҳои панҷоҳуми асри гузшта бо андешаҳои саршор аз ифтихори миллӣ ва назарҳои тоза дар фалсафаи шеър, ба майдони адабиёт қадам гузошт ва шӯҳрати шеъри тоҷикро ба зинаҳои баланд бардошт.
Мӯъмин Қаноат аз пурнашртарин шоирони тоҷик дар тамоми ҷаҳон аст. Намунаи осори ӯ борҳо ба русӣ, инглисӣ, украинӣ, арабӣ, олмонӣ, фаронсавӣ, узбекӣ, тоторӣ, чехӣ, булғорӣ, лаҳистонӣ, испанӣ, муғулӣ ва забонҳои дигар нашр шуда ва ӯ низ дар тарҷумаи асарҳои бузургтарин адибони дунё ба тоҷикӣ саҳм гузоштааст.
"Падар", "Мавҷҳои Днепр", "Суруши Сталинград",, "Тоҷикистон - исми ман", "Ситораи Исмат" ва "Масъуднома" аз ҷумлаи достонҳои Мӯъмин Қаноат мебошанд, ки ба ӯ шӯҳрати ҷаҳонӣ оварданд.