Аз 15 то 30 сол – Ҳукми қотилони зану шавҳари соҳибкор. АКС

Муҳокимаи гуруҳи ҳафтнафарӣ дар Додгоҳи олии Тоҷикистон

Додгоҳи олии Тоҷикистон дар қатли соҳибкор Мақсудҷон Муҳаммадҷонов ва ҳамсараш Ибодат Неъматуллоева ҳафт нафарро гунаҳкор донист ва аз 15 то 30 сол аз озодӣ маҳрум кард. Ин зану шавҳари соҳибкор моҳи октябри соли гузашта дар хонаашон дар ҷамоати Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аввал ғорат ва сипас кушта шуданд.

"Одамкушӣ", "роҳзанӣ"...

Мақомот мегӯянд, гурӯҳи ҳафтнафарӣ ба ҳавлии Мақсудҷон Муҳаммадҷонов ворид шуда, аввал ӯ ва ҳамсараш Ибодат Неъматуллоеваро бо “скотч” ва ноқили барқ бастаанд...

Як манбаи огоҳ аз қазия гуфт, ҳукми Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 17-уми май содир шуд. Бар асоси он, Сайфулло Абдуев, Ҷунайдулло Меҳбуллоев, Шарофиддин Абдуллоев ва Абдуманнон Эргашев 30-солӣ гирифтаанд. "Онҳо давраи ҷазоро дар зиндони низомаш сангин паси сар хоҳанд кард", - афзуд манбаъ.

Додгоҳи олии Тоҷикистон ин чаҳор нафарро ба "одамкушӣ бо бераҳмии махсус”, “роҳзанӣ” ва “дуздӣ” гунаҳкор донистааст. “Парвин Муродбекзода 25 сол ва Абдусуъуд Имомов 17 сол аз озодӣ маҳрум шудаанд”, - гуфт ҳамсуҳбати мо. Камтарин муҳлат – 10 соли зиндонро барои Рустам Маъруфзода, узви дигари ин гуруҳ додаанд, ки ӯ ба дуздӣ ба миқдори махсусан калон ва хабар надодан аз ҷиноят гунаҳкор аст.

"Фармоишгари куштор ҷустуҷӯ мешавад"

Манзили соҳибкорон Мақсудҷон Муҳаммадҷонов ва Ибодат Неъматуллоева дар рӯзҳои мотам

Гулшан Муллоҷонова ва Мунир Муҳаммадҷонов – фарзандони соҳибкорони кушташуда – рӯзи 17-уми май дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки аз ҳукм чандон розӣ нестанд. Гулшан Муллоҷонова гуфт, “чанд рӯз пеш барои як дуздӣ ҳашт сол зиндонӣ карданд. Инҳо ҳам дуздӣ карданд, ҳам одам куштанд ва ҳам роҳзанӣ карданд. Ҳамон тавр ки додситон талаб карда буд, бояд ҳукми абад мегирифтанд”, - афзуд ӯ.

Мунир Муҳаммадҷонов, писари Мақсудҷон Муҳаммадҷонов, гуфт, ки фармоишгари куштор таҳти ҷустуҷӯ қарор гирифтааст. Намояндагони додгоҳ ба онҳо гуфтаанд, ки фармоишгар аз Тоҷикистон гурехтааст ва дар сурати боздошт мавриди муҳокима қарор хоҳад гирифт.

75 ҳазор доллар дуздиданд, ё 20 ҳазор доллар?

Мақомот мегӯянд, гурӯҳи ҳафтнафарӣ шаби 18-уми октябри cоли 2017 ба ҳавлии Мақсудҷон Муҳаммадҷонов ворид шуда, ӯ ва ҳамсараш Ибодат Неъматуллоеваро бо “скотч” ва ноқили барқ бастаанд. Сипас, онҳоро бо азобу машаққати зиёд ба қатл расондаанд.

Дӯкони оилаи соҳибкор дар бозори "Панҷшанбе"-и шаҳри Хуҷанд

Абуманнон Эргашев, яке аз муттаҳамон дар ҷараёни тафтишот гуфтааст, ки қасди аслии онҳо на куштор, балки дуздии пулҳои соҳибкор буд. Ба эътирофи айбдоршавандагон, Мақсудҷон Муҳаммадҷонов қаблан бо як сокини шаҳри Хуҷанд баҳси молӣ дошт ва ин нафар барои интиқом аз Абдуманнон Эргашев ва ҳамроҳонаш хостааст, ки аз хонаи дувумӣ пул бидузданд.

Хонаводаи соҳибкорони кушташуда мегӯянд, ки волидонашон дар бозори “Панҷшанбе”-и шаҳри Хуҷанд ба тиҷорати матоъ машғул буданд. Ба гуфтаи онҳо, қотилон аз хонаашон 75 ҳазор доллар ва 59 ҳазор сомониро ғорат кардаанд. "Аммо гунаҳкорон дар баёноти худ гуфтаанд, ки ҳамагӣ 20 ҳазор доллар гирифтаанд ва додгоҳ ҳам қарор кард, ки ҳамин миқдор пулро бояд ба мо диҳанд", - хулоса намуданд онҳо.