Як сокини 23-солаи ноҳияи Восеъ, ки мақомот аз ӯ "донишҷӯи яке аз донишгоҳҳои кишвар" ном мебаранд, бо иттиҳоми қатли соҳибкорзане аз Душанбе боздошт шудааст. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон рӯзи 4 март эълон кард, ки ин ҳодиса ду рӯзи қабл рух дода, ҷасади зан бо аломатҳои марги маҷбурӣ дар ҳудуди ноҳияи Варзоб ёфт шудааст. "Дар назди оромгоҳи деҳаи Дурманбулоқи ҷамоати деҳоти Лучоби ноҳияи Варзоб аз дохили автомашинаи тамғаи “Лексус-PX-350” ҷасади зани 52-солаи сокини шаҳри Душанбе, соҳибкор, бо аломатҳои марги маҷбурӣ, яъне бо захмҳои халандаю буранда дар қисмати рӯй, гардан ва баданаш дарёфт карда шуд”, - таъкид карданд дар Вазорати умури дохилӣ. Аз рӯи ин ҳодиса парванда боз шуда, тафтиш идома дорад. Як манбаи огоҳ аз қазия гуфт, ки ин зан ба тиллофурӯшӣ машғул буд ва ду сол пеш духтараш низ кушта шудааст.