Кумитаи истихбороти Сенат: Русия мехост ба Трамп кӯмак кунад

U.S. -- Senate Intelligence Committee Vice Chairman Mark Warner (L) and Chairman Richard Burr hold a hearing to examine efforts to secure state election systems and to safeguard against foreign meddling in this year's elections, on Capitol Hill in Washing

Кумитаи истихбороти Сенати Амрико бо арзёбии хадамоти махсуси ИМА, ки мегӯяд, Русия ба интихоботи президентии ИМА дахолат кардааст, розӣ шуд. Ин нукта дар изҳороти муштараки раиси кумитаи истихборот, намояндаи ҳизби Ҷумҳурихоҳ Ричард Берр ва сенатори демократ Марк Уорнер зикр шудааст.

Дар изҳорот омадааст, кормандони кумита ин санадро 14 моҳ омӯхтанд ва аз хулосаи ҷомеаи истихборти Амрико, ки Русия ба хотири зарба задан ба Ҳиллари Клинтон ва кӯмак ба Доналд Трамп ба интихобот дахолат кардааст, пуштибонӣ мекунанд.

Талошҳои Русия густарда ва печида буданд ва бо дастури мустақими президент Владимир Путин татбиқ шуданд, - гуфтааст Марк Уорнер дар ин изҳорот.

Дар гузорише, ки соли 2017 нашр шуд, хадамоти махсуси Амрико ба ин натиҷа расид, ки барои таъсиргузорӣ ба интихоботи президентии соли 2016 дар Амрико, Русия ба фаъолиятҳои рахнагарӣ ва таблиғотӣ машғул буд. Маскав ин иттиҳомро борҳо рад кардааст.