400 сомонӣ Ҷамшедро як умр паси панҷара бурд

Додгоҳи вилояти Хатлон Ҷамшед Ҳакимов, як сокини шаҳри Бохтар (Қӯрғонтеппаи собиқ)-ро бо ҷурми қатли духтари амакаш Мавҷигул Ҳакимова ба ҳабси абад маҳкум кард. Мавҷигули 36-сола, молики чанд нуқтаи фурӯши меваи хушк ва донагиҳо дар бозори "Фаровон" ва "Ҳоҷӣ Шариф", шаби 6-уми январи имсол дар кӯчаи Хатлони шаҳри Бохтар бо зарби корд кушта шуд.

Ҳамон шаб Мавҷигул дар ҷузвдонаш пули бисёр надошт. Танҳо 400 сомонӣ доштаасту бас

Як мақоми Додгоҳи вилояти Хатлон рӯзи 17-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳукми Ҷамшед Ҳакимов ҳафтаи равон содир шуд ва ҳанӯз ба иҷро надаромадааст. "Ҳакимов соҳиби се фарзанд аст ва ӯ бар асоси моддаҳои "куштор" ва "роҳзанӣ" маҳкум шуд", - афзуд ӯ.

Ҳамсуҳбати мо гуфт, Ҷамшед Ҳакимов дар гузашта низ барои "ҳаракати дорои хусусияти шаҳвонӣ" ва "худсарона тарк кардани маҳаллӣ хидмати сарбозӣ" барои 16 сол зиндонӣ шуда, соли 2014 бар пояи афви умумӣ раҳо гардидааст.

Бинои Додгоҳи вилояти Хатлон

Ҳамла ба Мавиҷгул Ҳакимова моҳи январ, ҳангоми аз кор ба хона баргаштанаш сурат гирифтааст. Искандар Солеҳзода, сардори Раёсати умури дохилии Хатлон, қаблан гуфта буд, ки ​"қарор будааст, ҳамон шаб Мавҷигул аз фурӯшандаҳои зердасташ дар ду бозори калони Қӯрғонтеппа пулҳоро ҷамъ карда, ба хонааш бибарад. Ҷамшед Ҳакимов аз нақша огоҳӣ доштааст. Вай аз бозор корд гирифта, ба дасту ҷигари дувумӣ зарбаи маргбор задааст."

Вале, ба қавли ӯ, “ҳамон шаб Мавҷигул дар ҷузвдонаш пули бисёр надошт. Танҳо 400 сомонӣ доштаасту бас”. Мақомоти милиса мегӯянд, Ҷамшед Ҳалимов дар гузашта аз ҳамкорони Мавҷигул буд ва баъди як ҳодисаи дуздӣ аз кораш маҳрум шудааст.

Ҷамшед Ҳакимов низ дар толори додгоҳ ба гуноҳи худ эътироф карда, гуфтааст, ин корро бо ҳадафи ба даст овардани пул анҷом дод. Вале Аскаралӣ Амонзода, додраси парванда, то қувваи қонунӣ гирифтани ҳукм аз ироаи ҷузъиёти бештари ҳодиса худдорӣ кард.

  • Қатли ин зани тоҷир аз сӯи писари амакаш ҳоло ин ду хонаводаро муқобили якдигар қарор додааст. Ва ҳарду тараф нахостанд, ки дар ин бора сӯҳбат кунанд.

Искандар Солеҳзода

Солҳои ахир чанд ҳодисаи пурсарусадои ғорат ва куштори сокинони “пулдор” дар баъзе аз гӯшаҳои Тоҷикистон рух дода, омилони он дастгир ва муҷозот шудаанд. Аз ҷумла, соли 2013 як гурӯҳ тиллофурӯш Аҳмадхӯҷа Бобоев, ҳамсараш Ҳаётхон Бобоева ва фарзандонашон Рухшона, Сӯҳроб ва Санҷарбекро дар хонаашон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров кушта, хонаашонро оташ заданд.

Ин ҷиноят боис ба сарусадоҳо дар байни мардум гардид ва раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон низ ба мақомоти пулис дастур дода буд, ки ба ҳар қимате омилони онро муайян ва дастгир кунанд. Кормандони пулис баъд аз ду соли ин ҳодиса, оилаи Раҳматовҳо – сокинони шаҳри Хуҷандро дастгир намуданд. Баъдан ин ҳафт нафар барои қатли хонаводаи Бобоевҳо ба мӯҳлатҳои гуногун равонаи зиндон шуданд. Инчунин, дар гузашта ҳодисаи куштори чанд сарроф дар кишвар сабт шуда буд.