Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаро Сорбон духтари 3-солаашро кушт? ВИДЕО


Сорбон Салимов
Сорбон Салимов

Сорбон Салимов, сокини деҳаи Тудабоёни ноҳияи Ҳамадонӣ, рӯзи 19-уми марти имсол духтараш Момагули сесоларо бо зарби бел кушт. Вай ҳамон рӯз духтари дигараш Раҷабгул ва ҳамсараш Боғигулро низ сахт маҷрӯҳ кард.

Қодир Салимов, падари Сорбон, рӯзи 22-юми март дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "як вақт садои бел шуд, нигоҳ кардам, ки ба сари занаш зад. Ҳамсараш ба замин афтод. Аз ҳамин ҷойи танг бо калла паридам, то пеши роҳашро бигирам. Дар 3 сония якбелӣ заду гурехт."

Чаро Сорбон духтари 3-солаашро кушт
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:09 0:00

Сорбон Салимови 31-сола баъди гурехтан аз хона ба ҳавлии сокини дигари деҳа рафт ва бо зарби бел як зани 53-солаи дигарро кушт ва як нафари дигарро маҷруҳ кард. Зоҳиран ин фоҷиа ҳеч гоҳ аз ёди падари Сорбон намеравад.

"Ҳамин ҷо хун буд, ҳоло тарошидем. Ба фикрам, ҷони духтари 3-солааш Момагул дар ҳаминҷо баромада буд", - ба ёд овард ӯ.

Мавҷигул Раҳимова
Мавҷигул Раҳимова

Волидонаш иддао доранд, ки сабаби ин рафтор бемории рӯҳии Сорбон буд, ки дар артиш ба он гирифтор шуд. Қодир Салимов мегӯяд, "як солу ҳашт моҳ аз артиш занг мезад. Баъдан бедарак шуд. Мо фикр кардем, ду моҳи дигар мондааст ва бо амри Худо меояд. Хидматаш тамом мешавад, дигар хабаргирӣ нарафтем. Баъд омад, чашмонаш дар ҷояш набуд."

Мавҷигул Раҳимова, модари Сорбон Салимов низ мегӯяд, вақте ба истиқболи писари сарбозаш шитофт, ҳушаш дар ҷояш набуд. "Хостам бо писарам салом кунам, аммо ӯ ба осмон нигоҳ мекард. Падараш набуд, ба тағоҳояш занг зада гуфтам, ки биёед писари ман мушкил дорад”, - нақл кард ӯ.

Билети ҳарбии Сорбон Салимов
Билети ҳарбии Сорбон Салимов

Сорбон дар воҳиди низомии 051052 аз соли 2009 то соли 2011 хидмат кардааст. Қисми низомӣ ҳанӯз қазияро шарҳ надодааст. Пас аз хатми хидмат, табибони вилояти Хатлон хулоса додаанд, ки ӯ ба маҷзубияти параноидӣ бо раванди хуруҷманд гирифтор аст, ҳарчанд дар гузашта надошт ва дар авлодаш ҳам касе ин бемориро надорад. Волидон мегӯянд, барои муолиҷа ба чанд ҷо муроҷиат карданд, вале бенатиҷа.

Сорбон Салимов дар боздошт аст, таҳқиқи қазияааш идома дорад. Ҳоло волидонаш мегӯянд, агар писарашон гунаҳкор бошад, ҷазояшро бигирад, вале мехоҳанд, онҳое низ дар назди қонун ҷавоб гӯянд, ки писарашонро ба ин ҳол оварда, оромиро аз ин хонавода барои ҳамеша бурданд.

Қодир Салимов бо акси писару келин ва наберагонаш
Қодир Салимов бо акси писару келин ва наберагонаш

“Ба Додситонии Кӯлоб, ба милиса рафтам, ба ҳукумат ду бор рафтам, ягон одам ба доди ман нарасид. Акнун меоянд, ҳама меоянд. Чаро ба доди ман нарасиданд? Ман барои ҳифзи давлат фарзанд фиристодам, аммо барои худам ва барои ҳамсояаам душман овардам”, - гуфт Мавҷигул Раҳимова.

XS
SM
MD
LG