Дар Кемерово "Зимняя вишня"-ро тахриб мекунанд

Тахриби "Зимняя вишня" дар Кемерово

Дар Кемерово рӯзи сешанбе ба тахриби бинои маркази тиҷоратии "Зимняя вишня" шуруъ карданд, ки моҳи март оташ гирит ва даҳҳо нафарро қурбон кард. Дар ин бора расонаҳо хабар медиҳанд.

Қарори тахриби бино баъд аз чанд рӯзи оташсӯзӣ гирифта шуд, аммо ҷараёни тахриби бино танҳо имрӯз оғоз гардид.

Сергей Сивилев, иҷрокунандаи вазифаи губернатори вилояти Кемерово мегӯяд, онҳо нахуст масъалаи ҷуброни саҳҳомони маркази тиҷориро ҳал карданд. "Ин ҷо се гуруҳи саҳҳомон ҳастанд: қисми асосӣ, ки онҳо аллакай аз даъвояшон гузаштанд, ду гуруҳи дигар, ки бо онҳо гуфтугӯ идома дорад", - гуфт Сивилев.

Ҳамаи харҷи тахриби биноро моликони маркази тиҷоратӣ пардохт мекунанд.

Кумитаи тафтишотӣ ҳабси бинои "Зимняя вишня"-ро бекор кард, аммо пажуҳиш дар ҷои ҳодиса ҳанӯз тамом нашудааст.

Сухтор дар маркази тиҷоратӣ рӯзи 25 март рух дод. Бино бар иттилои расмӣ, дар ин ҳодиса 60 тан ҳалок шуд, ки 40 нафарашон кӯдакон буданд. Мақомот сабаби сӯхторро ба ҳам расидани ноқилҳои барқ унвон карданд. Дар доираи парвандаи сӯхтори бинои мазкур ҳашт гумонбар боздошт шуд.