Як хонавода дар шаҳри Леваканди вилояти Хатлон нонеро ҳифз кардааст, ки 33 сол пеш аз Самарқанд оварда шудааст. Умаралӣ Зулфов ва ҳамсараш Матлуба Зулфова, устодони фанни таърих, ки ба гирдоварии ашёи қадимӣ машғуланд, ин нонро “хотирае аз шаҳри ормонҳо” медонанд.
“Онро нахӯрдем. Ба ман писанд омад ва онро дар танаи девор овехтам”, - мегӯяд Матлуба Зулфова. Ҳатто дар овони ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон ин нон ҳифз шудааст, ба қимати ҷон.
“Гуруснагӣ буд. Чанд дафъа қасд кардам, ки нонро дар об тар карда, ҳамроҳи кӯдакон хӯрем, Аммо як чиз... меҳру муҳаббат водор сохт, ки нигоҳ дорем”, - афзуд ӯ. Бо ҳамин алоқамандии барои мо номафҳум, аммо барои ин хонавода возеҳ то ҳол ин нонро нигаҳ медоранд.
Гузориши видеоӣ дар инҷост:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Умаралӣ Зулфов, омӯзгори таърих дар шаҳри Леваканд аст ва пас аз як тасодуф дар хурдиаш ба гирдоварии ашёи қадимӣ, аз ҷумла тангаву нишон шуруъ кард. Ҳоло 56-сола аст ва барои ҳар бинанда ганҷинаи худро бо ифтихор нишон медиҳад.
Ба ҷуз аз нишонҳои овони Шӯравӣ пулҳои кишварҳои хориҷиро дӯстонаш ба ӯ армуғон меоварданд. “Як танг ҳаст, соли бароришаш 1932 аз Полша. 10 тангаи златии нуқрагӣ дорам. Тангаи 50 лингаи Муғлистон аст. Даҳ сенти амрикоӣ ҳаст”, - нақл мекунад ӯ.
Умаралӣ Зулфов мегӯяд, ҳар даври таърихӣ ҳикмат дорад ва вазифаи инсон аст, ки онро ба наслҳои нав мерос гузорад, ёдгориҳои онро чун далели гӯё ҳифз намояд. Худро фарзанди Шӯравӣ меҳисобад ва мегӯяд, набераҳо замони зиндагии бобояшонро бояд донанд.
Солҳои 80-уми асри гузашта Умаралӣ Зулфовро барои хидмат ба Афғонистон бурданд. Аз онҷо фиттаҳои Аҳмад Зоҳир, хонандаи машҳурро овард. Ин фиттаҳо ҳоло истифода намешаванд, вале онҳоро Умаралӣ чун гавҳараки чашм эҳтиёт мекунад.
Ҳамин тавр, коллексияи кордҳои худро низ.
Барои Умаралӣ Зулфов ва ҳамсараш Матлуба Зулфова ҳеҷ чиз кӯҳна намешавад, барои онки гувоҳи таъриханд. Бинобар ин, онҳоро, ба таъбире, дар таги ҳафт қабат кӯрпача ва ҳафт сандуқ нигаҳ медорад.