Президент: ҲНИТ “пурра шиаро қабул кардагӣ аст”

Эмомалӣ Раҳмон

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон даргирӣ дар кишварҳои Ховари Миёна, аз ҷумла Ироқу Сурия ва Яману Либияро ҷанги мазҳабӣ донист. Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 12-уми май дар мулоқоти пеш аз моҳи Рамазон бо руҳониён ва мақомоту донишмандони тоҷик дар Душанбе гуфт, ин ҳақиқати ошкор аст ва “ягон ҷои махфиаш нест”.

“Ва яке аз ҳадафҳои ҳизби террористии наҳзат ҳам ҳамин буд. Пурра мазҳаби шиаро қабул кардагӣ ҳастанд”, - гуфт раиси ҷумҳури Тоҷикистон.

Раҳбарияти ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, ки дар хориҷ аз кишвар қарор дорад, дар робита ба ин изҳороти президент Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз вокуниш накардааст. Ҳизби наҳзати исломӣ соли 2015 бо қарори Додгоҳи олии Тоҷикистон баста ва як созмони террористиву экстремистӣ эълон шуд. Ин қарори додгоҳ пас аз ошӯби Абдуҳалим Назарзода, муовини собиқи вазири дифои Тоҷикистон, содир шуд, ки мақомот дар таҳия ва сармоягузории он раҳбарияти ҳизби наҳзатро айбдор карданд. То кунун даҳҳо нафар аз аъзо ва тарафдорони ин ҳизб боздошту зиндонӣ шудаанд. ҲНИТ дар гузашта борҳо иттиҳоми даст доштан дар табаддулотро рад кардааст ва онро талоши аз саҳна дур кардани як ҳизби мухолифин медонад.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, дар ин суҳбаташ аз Эшони Қиёмиддин ҳам ёд овард, ки охири соли гузашта боздошт шуда, ба таблиғи мазҳаби шиа муттаҳам аст. Ӯ гуфт, “ба ном генерал Қиёмиддин,

Қиёмиддини Ғозӣ

мулло Қиёмиддини Ғозималик, яке аз сабабгори бадбахтиҳои ҷанги шаҳрвандии солҳои навадум дастгир карда шуд. Ҷайбҳо пури доллари кишвари дар нохунак дӯсти мо. Боз барои ҳамон амалҳои нопоки худ. Худаш иқрор аст, ки ҳамин қадар сол мазҳаби шиаро қабул кардааст ва пурра бо супориши сохтори ҷосусии он кишвар зидди миллати тоҷик кор кардааст”.

Қиёмиддини Ғозӣ охири соли гузашта боздошт ва ҳоло дар СИЗО-и рақами яки шаҳри Душанбе нигаҳдорӣ мешавад. Қаблан низ баъзе аз манобеи Радиои Озодӣ гуфта буданд, ки ин рӯҳонӣ барои "таблиғи мазҳаби шиа" ва "таҳқири мазҳаби ҳанафӣ" муттаҳам аст.

Саид Қиёмиддини Ғозӣ солҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон ба Афғонистон паноҳанда шуда, дар ҳайати Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик фаъолият кард. Бо имзои Созишномаи сулҳ Саид Қиёмиддини Ғозӣ ба ватан баргашта, узви зеркомиссияи ҳуқуқии Комиссияи Оштии Миллӣ буд.

То қатъи фаъолияти Комиссияи оштии миллӣ дар ин вазифа кор кард ва барои хидматаш дар татбиқи созишномаи сулҳ аз Ҳукумати Тоҷикистон бо ордени “Шараф” қадрдонӣ шудааст.