Даргузашти ҳунарманди маъруф Ислом Саломов

Ислом Саломов, ҳунарвари театр ва синамо, бунёдгузор ва саркоргардони Театри давлатии ҷавонон дар маркази вилояти Суғд дар синни 78-солагӣ бар асари бемории тӯлонии фишорбаландӣ даргузашт. Ба гуфтаи пайвандонаш, ӯ шоми рӯзи гузаштаи 10-уми май дар манзилаш, дар шаҳри Хуҷанд дар канори ҳамсараш ҳунарвари маъруф Сайрам Исоева ва писараш Баҳодур ҷон додааст.

Бароат Мақсудова, мудири Театри тамошобини ҷавон субҳи рӯзи 11 май гуфт: “Вафоти устод Ссаломов ба вақте рост омад, ки мо дар театр ба таҷлил Рӯзи кӯдакон, ки ҳамзамон зодрӯзи устод Саломов аст, барои рӯи саҳна гузоштани барномае барои кӯдакон омодагӣ медидем. Он кас бемор буданд ва ба толор бо ёрии писараш Баҳодур ҳозир мешуданд."

Бароат Мақсудова афзуд, вазъи сиҳатии Ислом Саломов пас аз марги нобаҳангоми духтари ягонааш Саодати 50-сола дар моҳи апрели соли гузаштаи 2017, хароб гашта, гирифтори фишорбаландӣ буд ва аз бемадории пойҳояш шикоят дошт.

Ӯ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, Ислом Саломов як мактаби хоси ҳунарии худро дар театр ба вуҷуд овард, ки бо саҳнагузориҳои табииву самимии худ фарқ мекунад ва даҳҳо шогирдро тарбият ва ба саҳнаи театр раҳнамоӣ кард. Аз вижагиҳои ҳунари Саломов ҷалби даҳҳо кӯдакону наврасон ба театр ба ҳайси ҳунарвар ва иҷрокунандаи нақшҳо аст.

Ислом Саломов 78 сол қабл дар деҳаи Камодони ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ таваллуд шудааст. Хатмкардаи омӯзишгоҳи мусиқии Хуҷанд, Донишкадаи осиёимиёнагии театр ва кино дар Тошканд, давраи 2-солаи омӯзишӣ дар театри Маскав буд.

Ӯ 47 сол ба ҳайси саркоргардони театрҳои мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ ва Театри давлатии ҷавонон фаъолият кардааст. Ислом Саломов соли 1998 театри тамошобини ҷавонро дар шаҳри Хуҷанд таъсис дод ва то охири умр саркоргардони ин театр буд.

Ислом Саломов дар як мусоҳибааш бо Радиои Озодӣ ба истиқболи 75- умин солгарди умраш гуфта буд, ки беш аз 120 намоишномаро рӯи саҳна овардааст. Ҳамчунин ӯ дар чандин филмҳои бадеӣ нақш иҷро кардааст.

Соли 2015 спектакли "Занги охирин"-и Саломов дар озмуни тетрии “Парасту” дар Душанбе соҳиби ҷоизаи “Ҷасорат” гашта буд. Ба думбол ӯ дар филми ҳунарии “Коса”-и Суғдсинамо яке аз нақшҳои асосиро иҷро кард.

Ба гуфтаи пайвандонаш, Ислом Саломов баъд аз баргузории маҳфиле дар назди Театри ба номи камоли Хуҷандӣ дар соати 11, пас аз намози ҷумъа дар Хуҷанд дафн карда мешавад.