Маҳатҳир Муҳаммади 92-сола омодааст Малайзияро идора кунад

Тарафдорони нахуствазири собиқ Маҳатҳир Муҳаммад. 10 май,2018

Ба думболи пирӯзии такондиҳанда бар эътилофи ҳоким, ки ин кишвари Осиёи Ҷанубиро баъди истиқлолият аз Британия шаш даҳсола идора кардааст, Маҳатҳир Муҳаммад гуфт, омода аст нахуствазири ояндаи Малайзия шавад.

"Зарурате ҳаст, ки мо оҷилан, ҳамин ҳоло, имрӯз ҳукумати навро таъсис диҳем",- гуфт Маҳатҳир дар нишастии матбуотӣ ва афзӯд, ки бегоҳи рӯзи 10 май ба сифати нахуствазир савганд ёд мекунад.

Маҳатҳир аз соли 1981 то соли 2003 Малайзияро бо мушти оҳанин идора кардааст ва ҳоло дар синни 92-солагӣ пиртарин раҳбари интихобшуда дар ҷаҳон хоҳд буд.

Ҳамоиши ӯ бо чаҳор ҳизб ба эътилофи нахуствазир Наҷиб Разоқ зарба зад, ки дар гузашта аз шаркони Маҳатҳир буд, аммо баъдан душманаш шуд.

Субҳи рӯзи 10 май, Разоқ мағлубияти худро эътироф кард ва гуфт "Ман ҳукми мардумро қабул дорам". Ӯ афзӯд, азбаски ҳеҷ ҳизб аксарияти овозҳоро ба даст наовард, шоҳи Малайзия бояд тасмим бигирад, ки кӣ нахуствазири оянда хоҳад буд.