Дума номзадии Медведевро дар мақоми нахуствазирӣ тасдиқ кард

Думаи давлатӣ бо таъини Дмитрий Медведев ба мақоми нахуствазири ҳукумати Русия мувофиқат кард. Дар овоздиҳие, ки рӯзи 8 май ҷараён гирифт, ба ҷонибдории номзадии Медведев аз 433 вакил 372 нафар раъи мусбат ва 56 нафар раъйи манфӣ доданд. Рӯзи душанбе баъди маросими ёд кардани савганди президентӣ Владимир Путин исми Дмитрий Медведевро барои тасдиқи парлумон фиристод. Баъди ин машварат бо аъзои ҳизбҳои сиёсии узви маҷлис баргузор шуд ва дар поёни ин машваратҳо аъзои “Русияи воҳид” ва ЛДПР гуфтанд, ки аз номзадии Медведев тарафдорӣ мекунанд. Ду ҳизби дигар – коммунистҳо ва “Русияи одил” гуфтанд, ки мухолифи номзадии Медведев ҳастанд.

Аз назари мавқеаш дар ҳукумати марказӣ нахуствазир мақоми рақами ду дар ҳукумат мебошад ва масъули масоили иқтисодӣ дар назди президент аст. Медведеви 52-сола соли 2008 бо кӯмаки Путин ба мақоми президентӣ роҳ ёфт. Ин ҳамон замоне буд, ки Путин ду мӯҳлати президентиро анҷом дода буд. Соли 2012 Медведев баъди хатми мӯҳлати президентӣ ба мақоми нахуствазирӣ омад ва курсии раёсатҷумҳуриро ба Путин дод. Медведев солҳои 2003-2005 ба ҳайси раиси ситоди Путин ва солҳои 2005-2008 - муовини аввали нахуствазири Русия кор кардааст.