Интиқоди СММ аз амалиёти нирӯҳои Афғонистон баъди амалиёти Кундуз

Маросими дафни марде, ки дар паи як амалиёти нирӯҳои ҳукуматӣ кушта шуд. Октябри соли 2017, Нанагарҳор

Дафтари ҳайати СММ дар Афғонистон (UNAMA) нирӯҳои амниятии Афғонистонро интиқод кард, ки дар паи ҳамлаҳои мушакӣ дар як деҳаи вилояти шимолии Кундуз дар моҳи апрел, боиси марги 36 нафар, аз ҷумла 30 кӯдак шудаанд. Дар гузорише, ки рӯзи 7 май нашр шуд, СММ суол гузоштааст, ки то куҷо пеш аз анҷоми амалиёти мушакборон нирӯҳои ҳукуматӣ тадбирҳои ҷилавгирикунанда аз қурбон шудани мардуми мулкиро рӯи даст гирифтанд. Дар як ҳодисаи мушакборони рустои Лағмонӣ як маросими динӣ ҳадаф қарор гирифт, ки дар он садҳо мардону ҷавонписарон иштирок карданд. Дар гузориш гуфта мешавад, ки дар паи ин ҳодиса 71 нафар маҷрӯҳ шуданд ва 51 нафари онҳо кӯдак мебошанд. Ин амалиёт, ба қавли СММ, саволҳоеро дар заминаи эҳтироми ҳукумат ба муқаррароти “эҳтиёт ва таносуб дар қавонини байналмилалии башарӣ” эҷод мекунад. Ҳукумати Афғонистон гуфтааст, ки ба ҳангоми анҷоми ин амалиёт раҳбарони калони Толибонро ҳадаф қарор додааст, ки дар маросим иштирок мекарданд. Ҳукумат гуфтааст, ки дар ин маросим раҳбарони Шӯрои Толибон, Шӯрои Кветта ва ҷангиёни “Воҳиди Сурх” – як нирӯи вижаи ҷангиён иштирок мекарданд ва мехостанд ба шаҳри Кундуз ҳамла кунанд.