Худкушии Сайрам Холова бо ду кӯдакаш дар дарёи Кофарниҳон. ВИДЕО

Дар ноҳияи Ҳисор ҷустуҷӯи ҷасади як зан ва ду фарзанди хурдсолаш идома дорад. Наздикони Сайрам Холоваи 23-сола, сокини деҳаи Сунбулаи ноҳияи Ҳисор, тахмин мезананд, ки ӯ худу писаронаш Неъматуллои 2 ва Суҳбатуллои 4-соларо ба дарёи Кофарниҳон партофта, худкушӣ кардааст.​

  • Онҳо мегӯянд, фарзияи нопадидшавӣ ваё фирори ин се нафарро қабул надоранд, чунки ҷустуҷӯҳои онҳо аз субҳи барвақти 7-уми май то ба ҳол ҳеҷ натиҷа надод.
Соли 2016 Зӯҳро Маҳмуродова, сокини 25-солаи шаҳри Норак худ ва чаҳор фарзандашро ба дарёи Вахш андохт, ки дар натиҷа ҳама ба ҳалокат расиданд.

Дар ҳоле ки хешовандони Сайрам Холова мегӯянд, сабаби фоҷеаро шарҳ дода наметавонанд, мақомоти Кумитаи кор бо занон ва оилаи ҷумҳурӣ вуҷуди муноқишаву даъво дар хонаи занро сабаби аслии дилмондагии ӯ аз зиндагӣ меноманд. Манзили зисти Сайрам Холова то соҳили дарёи Кофарниҳон тақрибан 20 метр аст.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Сайрам худ ва ду кӯдакашро кушт

Хушдоман: Дар оилаи мо муноқиша набуд

Аноргул Шарипова – хушдомани Сайрам Холова – рӯзи 8-уми май дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ба ин шева худкушии келинаш онҳоро сахт шигифтзада кард. «Дар оила ягон мушкил ва муноқиша набуд. Аз ин сабаб, ҳайронем, ки чаро бо кӯдакон худкушӣ намуд», - гуфт ӯ.

Айни замон Шарипова гуфт, ки эҳсос кард рӯзҳои охир арӯси хонавода камгап шуда, бештар китоб мехонд ва соатҳои холиашро дар танҳоӣ мегузаронд. Вай гуфт, "шавҳараш чӯпон аст. Субҳ ба чаро мераваду шом бармегардад. Ягон ҷанҷол набуд. Рӯзи гузашта садои кӯдакон набаромад, хавотир шуда хонаашро дидем, ки касе нест. Баъд ба кофтукоб даромадем. Яке аз набераҳоям кафши Суҳбатуллои чаҳорсоларо аз лаби дарё ёфта омад."

Аноргул Шарипова

Модар: Марги се нафар бозӣ нест​

Волидони Сайрам Холова низ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки духтарашон шаш сол боз оиладор аст ва солҳои охир аз чизе шикоят надошт. Модари Сайрам гуфт, "дар рӯзҳои аввали зиндагӣ аз муноқиша бо наздикони шавҳараш мегуфт, аммо вақтҳои охир ором буд. Марги ин се нафар бозӣ нест. Дар ҳаққи онҳо месӯзам.»

Вақте мо ба манзили Сайрам Холова дар ноҳияи Ҳисор расидем, ҳавлиашон пур аз ҳамдеҳагону хешовандон буд. Ҳама маҳзуну дилшикаста буданд ва аз фоҷеаи рухдода изҳори таассуф мекарданд.

Ҳазратқул Шарифов, хусури Сайрам Холова, бо ҷомаву миёнбанд рӯи кати боғ бо нигоҳи амиқ менишаст. Вай гуфт, дар тааҷҷуб аст ва то ҳол дарк карда наметавонад, ки барои чӣ ин фоҷеа рух дод: «Зиндагиамон таъмин аст, ҳеҷ камбуд надорем. Намедонам, чӣ шуд. Ҷанги шавҳарашро надидаам ва нашуданидаам. Дар ин хона ҳеҷ кас бо ӯ муносибати нохуб надошт”.

Пойпӯши Суҳбатуллоро аз лаби дарё ёфтаанд

Кумитаи занон: Ба мо гуфтанд, ки сабаб чист

Ғаффор Кавраков, раиси деҳаи Сунбула мегӯяд, сабаби аслии даст ба худкушӣ задани Сайрам Холова то ҳол рӯшан нест ва мақомоти интизомӣ дар ҳоли таҳқиқи ҳодиса ҳастанд. Ӯ гуфт, "ҳоло вақти пурсидан ҳам нест. Ҳама дар лаби дарё ҳастанд ва мардум 8-нафарӣ савори қаиқҳо онҳоро ҷустуҷӯ доранд."

Аммо дар Кумитаи кор бо занон ва оилаи ҷумҳурӣ баъд аз зӯҳри рӯзи 8-уми май гуфтанд, ки ҳарчанд хешу табор ва наздикони онҳо воқеияти ҳолро шарҳ намедиҳанд, сабаби аслии худкушии эҳтимолии зану кӯдакон - муноқишаи Сайрам бо хешовандони шавҳараш будааст. Сабоҳат Маҳмадалиева, як масъули Кумитаи кор бо занон, гуфт, ба онҳо хабар доданд, ки худкушии зану кӯдакон дар заминаи як муноқиша рух додааст. Вале ҷузъиёти муноқишаро ошкор накарданд.

Хонаи Сайрам Холова дар наздикии дарё будааст

Худкушии занон якҷо бо кӯдакони хурдсолашон дар солҳои охир дар Тоҷикистон зиёд сабт мешавад. Аз ҷумла, соли 2016 Зӯҳро Маҳмуродова, сокини 25-солаи шаҳри Норак худ ва чаҳор фарзандашро ба дарёи Вахш андохт, ки дар натиҷаҳама ба ҳалокат расиданд.

Айнан бо ҳамин шева, моҳи сентябри соли 2015 Саломат Пирова, сокини 23-солаи ноҳияи Вахш бо се тифлаш кӯшиши худкушӣ кард. Вай худро бо фарзандонаш ба дарё андохт. Модар наҷот ёфт, вале 3 фарзандаш аз даст рафтанд.

Парвина Абдуллоева 18 сол зиндонӣ шуд

Пештар аз ин ҳодиса, дар моҳи июли соли 2015 сокини ноҳияи Ёвон Парвина Абдуллоева бо 3 тифлаш худро ба дарё андохт. Дар ин ҳодиса ҳам кӯдакон фавтиданд ва модар зинда аз об берун шуд. Парвина, ки бо ҷурми куштори фарзандони худ ба 18 соли зиндон маҳкум шуд, дар додгоҳ гуфт, “дар ин ҳодиса танҳо худаш гунаҳкор аст ва бояд худашҷавоб гӯяд, на каси дигар”.

Ҳар сол дар Тоҷикистон, бино ба оморҳо, беш аз 400 зан қасд ба ҷони худ мекунанд. Созмонҳои мудофеи ҳуқуқи занон дар Тоҷикистон масъалаи худкушии ҷинси латифро хеле ҷиддӣ ва нигаронкунанда меноманд ва мегӯянд, ки дар ҳолатҳои зиёд хушунати хонаводагӣ сабаби ин ҳодисаҳо мешавад.