Қазоқистон барои муқовимат бо ҳамлаҳои киберӣ иқдом кард

Гашти низомӣ дар Қазоқистон - 7 май, 2018

Қазоқистон воҳиди нави низомиро таъсис дод, ки ба гуфтаи президент Нурсултон Назарбоев, ин кишвари Осиёи Марказиро аз ҳамлаҳои киберӣ эмин нигаҳ медорад.

Назарбоев рӯзи 7 май дар паради низомии бахшида ба Рӯзи артиши миллии кишвар сӯҳбат кард.

Назарбоев гуфт, "нерӯи нав, ки бисёр зудамал аст, ба таҳдидҳо ва чолишҳои замонавӣ вокуниш хоҳад кард". "Ин воҳиди низомӣ ба таҳдидҳои киберӣ вокуниш мекунад ва як бахши сохтори дифоии Қазоқистон хоҳад буд",- гуфт президент Назарбоев.

Дар паради ҳарбии бахшида ба Рӯзи артиши миллии Қазоқистон 3,000 сарбоз, 40 ҳавопаймо ва 300 зиреҳпӯш иштирок карданд.

Рӯзи артиши миллӣ, ки номи расмияш "Рузи ҳомии ватан" аст, дар Қазоқистон 7 май таҷлил мешавад.