Путин бори чорум президенти Русия шуд. ПАХШИ ЗИНДА

Имрӯз дар шаҳри Маскав маросими савгандёдкунии президенти Русия Владимир Путин баргузор шуд. Путин ба мӯҳлати 6 соли дигар президенти Русия хоҳад буд.

Путин дасти росташро ба нусхаи Конститутсияи Русия гузошта савганди президентӣ ёд кард, ваъда дод, ки барои мардум "хизмат карда", нишондодҳои иқтисодиро боло мебарад ва кишварро ба хотири "пирӯзиҳои бузург ҳимоят" хоҳад кард.

Вай гуфт:

"Қасам мехӯрам, ки дар мақоми раёсатҷумҳурии Русия, ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрвандро ҳимоя мекунам, Конститутсияи Федератсияи Русияро ҳимоя ва риоя мекунам, истиқлолият, тамомияти арзӣ ва амнияти давлатро ҳимоя мекунам, ба мардум содиқона хизмат мекунам".

Путин 65 сол дорад ва бори нахуст соли 1999 дар мақоми сарвазири ҳукумат сари қудрат омада буд. Баъди ин чор бор дар мақоми президентӣ интихоб шудааст. Интихоботи имсола 18 март баргузор шуд, вале айни замон, мухолифону фаъолон ва нозирони интихоботӣ бо баргузории намоишҳои эътирозӣ аз тақаллуб дар интихобот ва ҳам набуди интихоботи воқеӣ дар миёни номзадон ба намоишҳои эътирозӣ даъват карданд.

Маросими савгандёдкунӣ ду рӯз баъди он баргузор шуд, ки дар як намоиши эътирозии сартосарӣ ба раҳбарии фаъоли мухолифин Алексей Навалний полис 1600 нафарро боздошт карданд. Дар эътирозҳое, ки дар даҳҳо шаҳрҳои Русия баргузор шуд, мардум ба канор рафтани Путин шиор доданд.

Пахши зиндаи ин маросимро тамошо кунед: