Рӯшанфикрони узбек истирдоди муфаттиши "парвандаи пахта"-ро талаб карданд

Гурӯҳи рӯшанфикрони Узбекистон аз ҳукумати кишварашон даъват карданд, ки алайҳи Телман Гдлян - муфаттиши парвандаи фасодкории замони Шӯравӣ, машҳур бо номи "пахтаи Узбекистон", таҳқиқи ҷиноӣ оғоз кунад. Ин паванда соли 1980 боз шуд ва садҳо мақомдорро бо ҷурми фасодкорӣ зиндонӣ кард. Гдлян ҳоло 77 сол дорад ва дар Маскав зиндагӣ мекунад.

Ба гуфтаи рӯшанфикрон, дар тӯли маъаркаи солҳои 1983-89 Гдлян ба маънои воқеияш мардуми Узбекистонро "террор" кард ва садҳо санади тақаллубӣ сохт.

Рӯшанфикрон аз ҳукумати Узбекистон даъват карданд, ки барои истирдоди Гдлян ва муфаттишони дигари "парвандаи пахтаи Узбекистон" талош ба харҷ диҳад.

Маъракаи зидди фасод дар Узбекистон, ки миёнаи соли 1980-ум, дар замони раҳбарии охири президенти Шӯравӣ Михаил Гобачев ва бо ҳадафи ислоҳот раҳандозӣ шуд, дастикам 800 нафарро дар Узбекистон ва Русия таҳти таъқиб қарор дод.

Беш аз 4000 нафар, бо шумули Юрий Чурбанов - домоди собиқ Котиби аввали Ҳизби Коммунистии СССР Леонид Бреженев, зиндонӣ шуданд.

Соли 1989 Додситони Шӯрави худи Гдлянро ба фасодкорӣ ва нақзи қоидаҳои тафтишот муттаҳам кард. Ӯ аз мақомаш дар додситонии кулл барканор шуд, аммо зиндонӣ нашуд.