Дар Узбекистон латукӯби нозири андоз аз сӯи роҳбараш дар навор афтод

Латтукӯб дар дафтари Кумитаи молиёт

Дар расонаҳо наворе нашр шуд, ки дар он марде дар ҳузури шоҳидон як марди дигарро латту кӯб мекунад.

Баъдтар маълум шуд, ки дар навор Аббосхон Ваққосов, роҳбари Нозироти андози шаҳри Ҷиззахи Узбекистон зердасташ Олим Зокировро латту кӯб мекард.

Ба гуфтаи шоҳидон, ин ҳодиса охири моҳи ноябри соли гузашта дар бинои Нозироти андози шаҳри Ҷиззах сурат гирифтааст. "Аббосхон Ваққосов дар ҳолати мастӣ ба коргоҳ ҳозир шуда, Олим Зокировро латту кӯб кард", - нақл карданд шоҳидон.

Гуфта мешавад, Ваққосов ба хотири иҷро нашудани нақшаи ҷамъоварии андоз Зокировро латту кӯб кардааст.

Олим Зокиров рӯзи 30 апрел дар суҳбат бо бахши узбекии Радиои Озодӣ гуфт, ки "моҳи ноябри соли 2017 роҳбараш ӯро латту кӯб накарда, балки бо ӯ ҳазл кардааст". Аббосхон Ваққосов ҳам инро рад карда, кутоҳ ҷавоб дод, ки "чунин ҳодиса вуҷуд надошт".

Аммо зердастони Ваққосов мегӯянд, дастбардории роҳбар ба сари коргарон ба як падидаи маъмулӣ табдил шуда, дар шаш моҳи охир ӯ ду маротиба зердастонро латту кӯб кардааст.