Ҳукумати Олмон тасмим дорад, кӯдакони занҳои тарафдори гурӯҳи террористии "Давлати Исломӣ"-ро, ки ба Ироқу Сурия рафтаанд, баргардонад. Дар ин бора нашрияи Bild am Sonntag бо такя ба дастури Вазорати дохилии Олмон гузориш дод. Баъди овардан ва "поксозии зеҳни кӯдакон аз тундгароӣ" онҳоро ба хешонашон месупоранд.
Ба гуфтаи нашрия, дар манотиқи ҷангии Сурия ва Ироқ 270 зан ва кудакон басар мебаранд, ки шиносномаи Ҷумҳурии федеролии Олмонро доранд.
Ба сурати умум, 980 шаҳрванди Олмон аз гурӯҳи террористии "Давлати Исломӣ" ва гурӯҳҳои тундрави дигар дар Сурия ва Ироқ пуштибонӣ кардаанд. 170 нафари онҳо кушта шуданд. Сеяки рафтаҳо ба Олмон баргаштанд.
Охири соли гузашта раҳбари Идораи федеролӣ дар умури ҳифзи Қонуни асосиии Олмон Ҳанс-Георг Масен дар бораи эҳтимоли овардани занон ва кӯдакони ноболиғ аз Сурия ва Ироқ хабар дод. Deutsche Welle аз қавли Масен гуфта буд, кӯдаконн, ки дар манотиқи таҳти назари "Давлати Исломӣ" зиндагӣ кардаанд, метвонанд бисёр тундрав бошанд ва барои Олмон хатарноканд.