Раёсати умури дохилии Душанбе як сокини пойтахтро барои наҷот додани зане бо ду фарзандаш аз худкушӣ қадрдонӣ кардааст. Ин зани 31-сола мехостааст худ ва ду фарзанди хурдсолашро ба дарё афканда ғарқ намояд. Аз дафтари матбуоти Раёсати корҳои дохилии Душанбе рӯзи 2-юми май ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ҳодисаи талошии худкушии зан бо ду фарзандаш рӯзи 30-юми апрел рух додааст.
Ба қавли манбаъ, дар ин рӯз як нафар ҷавонзани 31-солаи сокини шаҳри Душанбе мехост худро бо ҳамроҳии ду фарзанди хурдсолаш ба дарё афканда ғарқ намояд. Ин модар бо ду фарзандаш ба қавли мақомоти умури дохилӣ аз ҷониби Дилшод Ҳайтов наҷот дода шуд. Ҳайтов гуфтааст, ин модар ду фарзанди ноболиғашро кашолакунон ба соҳили дарёи Душанбе воқеъ дар маҳаллаи Ҳаёти нав дар рӯ ба рӯи маркази савдои «Ёвар» бурда, қасди худкушӣ ва ба ҳалокат расонидани онҳоро дошт.
Генерал Шариф Назарзода, сардори Раёсати умури дохилии Душанбе Дилшод Ҳайитовро барои наҷоти зан бо ду фарзандаш қадрдонӣ кардааст. Назарзода амали Дилшод Ҳайитовро намунаи ибрат барои дигарон арзёбӣ намудааст.
Зимнан маълум нест, ки зани 31-солаи сокини пойтахт чаро қасд дошт худ ва ду фарзанди худро ба дарё ғарқ намояд.
Соли 2016 дар Тоҷикистон 327 ҳодисаи худкушӣ ва ё талоши худкушӣ сабт шудааст, ки мавридҳои зиёди он ба занону духтарон рабт мегирад. Масъалаи худкуширо созмонҳои мудофеи ҳуқуқи занон дар Тоҷикистон хеле ҷиддӣ ва нигаронкунанда меноманд ва мегӯянд, дар ҳолатҳои зиёд хушунати хонаводагӣ сабаби ин ҳодисаҳо мешавад.