Баъди "Тангем"-у "Газел" "Старекс"-ро ҳам "бадарға" карданд. ВИДЕО

Тағйирот дар роҳу нақлиёти Душанбе, бархе аз сокинонро дар роҳҳо сарсону нигарон кардааст. Микроавтобусҳои тамғаи "Старекс" пурра аз роҳҳои марказии шаҳр берун шуданд.

Сар аз 1 май ҳаракати ин нақлиёт дар 5 хатсайри сермуштарӣ -- 2,8, 13,16 ва 25 манъ шуд. Ин мусофирбарҳо аз роҳҳои протоколӣ ва серодами шаҳр убур мекарданд. Мақомот мегӯяд, ки ба ҷойи "Старекс" дар ин роҳҳо акнун фақат автобусу микроавтубосҳои навъи "Спринтер" ҳаракат хоҳад кард.

Мусофирбарҳои "Старекс" як даҳсола пеш вориди ҷодаҳои Душанбе шуд ва бо вуҷуди ҳаҷман хурду нороҳат будан, мардум барои сари вақт ба ҷойи зарурӣ расидан аз ин нақлиёти дастрас зиёд истифода мекарданд.

Берун шудани ин мусофирбарҳо, равуои гурӯҳе аз сокинонро дар шаҳр мушкил кардааст.

"Ҳам вақт, ҳам пул зиёдтар сарф мешавад"

Зуҳро Саидова, ки дар хатсайри мусофирбари рақами 2 интизори маршрутка буд, гуфт, дар ин роҳ автобус нест ва теъдоди мусофирбарҳое, ки ҳаракат мекунанд, хеле кам аст. "10-15 дақиқа инҷо мунтазир мешавам, чизе намеояд, агар нақлиёте ҳам ояд ҳам, пур аст. Дар ин хатсайр автобус ҳам намеравад ва машрут ҳам нест. Бароямон душвор мешавад",-афзуд Зуҳро.

Ҳоҷар, сокини дигари шаҳр ҳам, ки мегӯяд, баъди ин тағйирот дар баробари вақт, харҷаш ҳам дар роҳ зиёд шудааст. "То нисфи роҳ бо автобусу троллейбус меоям ва ин тараф бо маршрутка. То ҷойи даркорӣ ҳоло ман бо як нақлиёт рафта наметавонам. Ҳам вақт ва ҳам пул зиёдтар сарф мешавад."

Ба гуфтаи масъулини бахши роҳу нақлиёти Душанбе, ин иқдом ба хотири бехатарии мусофирону ба низом даровардани ҳаракати нақлиёт дар шаҳр рӯйи даст гирифта шудааст. Ба бовари мақомот, ҳаракати мусофирбарҳои "Старекс", ки кӯҳна буданд, дар дохили шаҳр дигар қобили қабул набуд.

Чаро "Старекс"-ҳо берун карда шуданд?

Қурбон Холов, як масъули “Душанбенақлиётхадамотрасон” -- ниҳоди танзимкунандаи бахши нақлиёт дар пойтахт, рӯзи якуми май дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ин мусофирбарҳо боиси танбашавӣ дар ҷодаҳои марказии шаҳр низ мешуданд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Баъд аз "Тангем"-у "Газел", "Старекс" ҳам "бадарға" шуданд

"Баровардани онҳо аз роҳҳои марказӣ чанд сабаб дошт. Сабаби якум ин аст, ки автобусҳои замонавӣ ворид шуда истодаанд. Шакли "Старекс"-ҳо кӯҳна буда, намуди шаҳрро коста мегардонданд. Аз сӯйи дигар, ин микроавтобусҳо ғунҷоиши кам доштанд ва дар тобистон мусофирон дар дохили он нафасгир мешуданд. Сабаби дигари берун кардани онҳо ҳам ин кам кардани шиддатнокии ҳаракат дар кӯчаҳои Душанбе мебошад."

Ба гуфтаи ин масъул, берун кардани "Старекс"-ҳо аз ҷодаҳои шаҳр аз чанд моҳи пеш шурӯъ шуд ва қисме аз ин мусофирбарҳо, ки вазъашон беҳтар буд, дар канораҳои шаҳр дар хатсайри нав ба кор шурӯъ карданд. Мусофирони хатсайри 28, қисмати ҷанубу ғарбии пойтахт, чандест дигар дар интихоби нақлиёт маҳдуданд. Дар ин роҳ ба ҷойи беш аз 100 "Старекс" ҳоло 30 автобус бароварда шудааст.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Баъд аз "Тангем"-у "Газел", "Старекс" ҳам "бадарға" шуданд

"Дар гармиҳо чӣ кор мекунем?"

Амина Саидова, ки донишҷӯ аст, чанд рӯзи ахир бо автобус ба дарс меравад. Аз ҳаракати сусти автобус розӣ нест ва мегӯяд, беш аз як соаташро дар роҳ мегузаронад."Вақте, ки бо "Старекс" ба дарс мерафтам, соати 7-20 аз хона баромада, то 7-50 дар донишгоҳ мешудам. Бо автобус давоми 1 соату 10 дақиқа ба дарсам мерасам."

Амина Саидова, донишҷӯ.

Ҳоло Амина аз он нигарон аст, ки тобистон вазъ бадтар мешавад. "Дар тобистон баъд аз дарс баромадан, одам зиёд аст. Ҳамаи онҳоро гирад, ҳаво гарм вазъ мушкил мешавад". Ронандаҳои автобус ин иддаои мусофиронро қабул надоранд. Онҳо бовар доранд, ки ба оҳистагӣ мардум дигар ба автобус одат мекунанд ва шаҳр симои қаблиашро мегирад.

"Мусофирони мо ҳаммаш саросемаанд"

Аҳмад Абдураҳмонов, ронандаи автобуси рақами 28 аз мусофирон шикоят дорад. "Қаблан чизе намегуфтанд. Мусофирони мо ҳамааш саросемаанд. Мехоҳанд дар як дақиқа ба манзилашон расанд. Ин гуна нафарон бояд аз таксиҳо истифода баранд. Автобус қоидаҳои худашро дорад. Реҷа дорад, низом дорад."

Онҳое ҳам ҳастанд, ки ба фарқ аз "Старекс"-ҳои тангу хурд, истифода аз автобусҳоро роҳатар медонанд. Марҳабо ҳам, ки донишҷӯ аст, мегӯяд, дар автобус ҳадди аққал ба фарқ аз мусофирбарҳои хурде мисли "Старекс", одам бо қомати рост ба ҷойи даркорӣ мерасад. "Дарунаш кушод аст, худамро озод ҳис мекунам. "Старекс" хурд, ки буд, одами бисёр наметавонист ҷо гирад."

Мушкилоти нақлиёти шаҳрӣ

Нақлиёти шаҳрӣ аз камтарин бахшҳои кори шаҳрдории Душанбе мебошад, ки ҳама вақт зери интиқод қарор дорад.

Мақомоти шаҳр, ният доранд, то охири сол, ҳамаи микроавтобусҳоро дар тамоми хатсайрҳо бо автобусу тролейбусҳои нав иваз намоянд. Дар Душанбе беш аз 1777 микроавтобуси ширкатҳои хусусӣ ба мусофиркашӣ машғуланд, ки 900-тои он тамғаи "Ҳундай Старекс" мебошанд.

"Душанбенақлиётхадамотрасон" мегӯяд, танҳо дар як соли гузашта 57 шикояти мусофирон аз рафтори нодурусти ронандаҳо ба ин идора расидааст.