Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дорӣ – "раҳмат", надорӣ – "қабул нашуд". Низоми нави пардохти роҳкиро дар Душанбе


То як моҳи дигар дар мусофиркашҳои шаҳри Душанбе, бахусус дар автобусу троллейбус, низоми нави пардохти роҳкиро ҷорӣ хоҳад шуд.

Дар низоми нави пардохт мусофирон корти пластикӣ харида, роҳкироро тариқи он месупоранд. Мушкили барнагардондани бақияи роҳкиро дар Душанбе маъмулан баҳси зиёдро миёни пулчинҳо ва мусофирон ба миён меорад ва шаҳрдории пойтахт мегӯяд, бо ҷорӣ кардани низоми нав мехоҳад ин баҳсҳоро аз байн бибарад.

Дар сурати будани маблағ дар табло калимаи "Раҳмат", вагарна истилоҳи "Қабул нашуд" пайдо хоҳад шуд

“Маоши мо чӣ мешавад?”

Хабари ба пардохти электронӣ гузаштани автобусу троллейбусҳо дар Душанбе Авзалшоҳ Сатторовро ҳам хурсанд ва ҳам нигарон кардааст. Сатторов рӯзи 28-уми ноябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, беш аз 10 сол боз дар Душанбе ба мусофиркашонӣ машғул аст ва аз ҷанҷолҳои ҳамарӯзаи байни мусофир ва пулчинҳо хаста шудааст. Ӯ бовар дорад, пардохти электронӣ ба баҳс бо мусофирон нуқта мегузорад, аммо дар як вақт ин ронандаи собиқадор аз маошаш нигарон аст.

“Мо то ба ҳол намедонем, ки дар низоми нави пардохт маоши мо чӣ қадар мешавад. Мо ҳоло ҳар рӯз 400 сомонӣ нақша дорем ва бояд ҳамарӯза ин маблағро супорем. Аз ин зиёдаш барои мо мемонад. Аммо баъд аз ҷорӣ шудани низоми нав мусофир кортро аз асбоби махсус гузаронда мешинад. Барои мо ин сабук мешавад, аммо ба шарте, ки маоши дуруст диҳанд”, - мегӯяд Авзалшоҳ Сатторов.

“Низоме, ки кондукторро аз байн мебарад”

Низоми нави пардохти роҳкиро дар мусофиркашонҳои Душанбе, ки дар назар аст то як моҳи дигар ҷорӣ шавад, тамоми мусофиронро муваззаф мекунад, кортҳои плостикӣ харида, ба ҳисоби он маблағ гузаронанд. Ба иттилои масъулини шаҳрдори Душанбе, мусофирон кортҳои электронии пардохтро метавонанд, аз ронанда, назоратчӣ, инчунин, аз терминалҳои махсусе, ки дар истгоҳҳо амал мекунанд дастрас намоянд. Дар нақлиёти шаҳрӣ барои қабули пардохтҳои электронӣ таҷҳизоти махсус, ки валидатор ном дорад, насб шудаанд.

Ба қавли манбаъ, ронанда ҳангоми оғози кор корти худро ба валидатор гузошта, онро барои қабули роҳкиро ва назорати ҷараёни он омода мекунад. “Мусофир қабл аз нишастан ба нақлиёт корти роҳкироро дастрас намуда, ҳангоми ворид шудан ба нақлиёт онро болои таҷҳизоти қабул – валидатор мегузорад ва дар сурати мавҷуд будани маблағ дар табло калимаи "Раҳмат" ва агар дар корт маблағи лозимаи пардохт мавҷуд набошад, истилоҳи "Қабул нашуд" пайдо мешавад. Дар марҳилаи аввал дар ҳар як воситаи нақлиёти мусофирбар назоратчиҳо фаъолият мекунанд, ки ҷараёни истифода ва пардохти электронии роҳкироро назорат мекунанд. Мусофирон метавонанд, корти роҳкироро аз назоратчӣ ё ронанда дастрас намоянд”, - гуфтанд дар шаҳрдории Душанбе.

Ба иттилои масъулини шаҳрдорӣ, баъд аз ҷорӣ шудани низоми нав пулчинҳо аз автобусу троллейбусҳои пойтахт гирифта шуда, ба ҷойи он назоратчиҳо ба кор шуруъ мекунанд.

Дар шаҳрдории Душанбе мегӯянд, дар назар аст, ки кортҳо дар се намуд: имтиёздор, хидматӣ ва муқаррарӣ бароварда шаванд. Аз ҷумла, нафақахӯрон ва афроди дорои имкониятҳои маҳдуд соҳиби кортҳои дорои имтиёз хоҳанд шуд. Феълан мақомот дар бораи арзиши роҳкиро ё эҳтимоли тағйир ёфтани нархи истифодаи мусофирбар чизе намегӯянд. Арзиши амалкунандаи роҳкиро барои нақлиёти ҷамъиятӣ вобаста ба навъаш – аз 70 дирам то 1 сомонию 20 дирам муқаррар шудааст, вале аксар вақт мусофирон шикоят мекунанд, ки аз онҳо маблағи роҳ барзиёд, яъне бидуни бозгардони бақияи пул ситонида мешавад.

“Метавонад мушкилиҳои навро ба миён орад”

Таҳлилгарон мегӯянд, низоми нави пардохт дар автобус ва троллейбусҳои Душанбе чандин мушкилиро аз байн мебарад, аммо дар як вақт боис ба эҷоди мушкилиҳои дигар мешавад. Абӯалӣ Некрӯзов, рӯзноманигор ва узви пешини Комиссияи шаҳрдорӣ оид ба нақлиёт, гуфт, дар шароити Тоҷикистон на ҳама шаҳрвандон ба ин низом омода ҳастанд.

Ба қавли Некрӯзов, “мушкил ин аст, ки баъзе одамон метавонанд бидуни корт вориди нақлиёт шаванд. Лекин дар инҷо танзимгар бояд он одамонро маълум карда, ҷарима кунад. Шояд ҳамин мушкилиҳо дар аввал ба миён оянд.”

Бо ин ҳама, ин рӯзноманигори тоҷик мегӯяд, низоми ҳозираи пардохти роҳкиро ба шароити имрӯза созгор нест ва бо ҳама мушкил ҷорӣ кардани низоми нав зарурӣ аст.

Нақлиёт - мушкили ҳамешагии пойтахт

Мунаққидон мегӯянд, пардохти пули нақд ва ба даст нагирифтани билет ё шаҳодати коғазии пардохт шудани харҷи роҳ дуруст нест, чунки дар ин сурат шаффофияти истифодаи маблағ зери суол меравад ва танҳо ба виҷдони “кондуктор” вогузор мешавад.

Дар кишварҳои аврупоӣ масъалаи пардохти харҷи роҳ бо чанд роҳ – хариди билет дар дохили мусофирбар, дар нуқтаҳои махсуси билетфурӯшӣ, хариди билетҳои дарозмуддат ҳал шуда, шахсони масъул ҳар сари чанд вақт дар дохили автобус ё метро санҷиши мусофиронро анҷом медиҳанд.

Маҳмадсаид Убайдуллоев
Маҳмадсаид Убайдуллоев

Масалан, барои надоштани билет бо арзиши 1 доллар дар нақлиёти ҷамъиятии Прага, то 50 доллар ҷарима пешбинӣ шудааст. Дар сурати адами пардохти ҷарима, кори шахс ба полис ва додгоҳ рафта, сангинтар мешавад. Аз ҳамин хотир, ҳар як мусофир масъулияти иҷрои ин муқарраротро эҳсос мекунад.

Нақлиёти шаҳрӣ яке аз бахшҳои кори шаҳрдорӣ аст, ки зиёд мавриди интиқод қарор дорад. Шаҳрдории собиқи Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев доимо аз кори нақлиёти шаҳрӣ интиқод мекард ва сари чанд моҳ масъулини ин бахшро огоҳӣ медод ва ё аз кор озод мекард. Ба гуфтаи коршиносон, яке аз мушкили аслии нақлиёти шаҳрӣ дар дуруст танзим нашудани кори ин соҳа мебошад.

XS
SM
MD
LG