Ҳаракати автобусҳои мусофирбар миёни Тоҷикистону Узбекистон аз 15-уми май шурӯъ мешавад. Дар ин бора рӯзи 1 май ба Радиои Озодӣ мудири ширкати "Азия Экспресс" Султон Камолов хабар дод. Ба гуфтаи вай, ҷониби Тоҷикистон барои азсаргирии ҳаракати автобусҳо комилан омода аст, вале интизори марҳилаи охирини музокирот бо ҷониби Узбекистон мебошад. "Дар мулоқот бо ҷониби Узбекистон бояд нархи сафар тавассути автобусҳо муайян карда шавад. Дар марҳилаи аввал ҳаракати автобусҳо миёни шаҳрҳои Хуҷанду Тошканд ва Панҷакенту Самарқанд оғоз меёбад. Сипас, ҳаракати автобусҳо миёни шаҳрҳои дигари ду кишвар низ шурӯъ мешавад", - гуфт Султон Камолов.
Дар ҳамин ҳол Шералӣ Ганҷалзода, муовини вазири нақлиёти Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ дар шарҳи ин мавзӯъ гуфт, ки мутахассисони ду кишвар масирҳои ҳаракати автобусҳоро баррасӣ карда, "баъзе аз мушкилоти дар ин роҳҳоро таъкид карданд. Аз ҷумла, дастур шуд, ки бояд барои мусофирони ҳар ду кишвар маълумотҳои бештари иттиллотӣ дар ҷодаҳо ва нуқтаҳои гузаргоҳҳои марзӣ насб карда шаванд. Фикр мекунам, бо омода шудани шароити сафар дар як масир ҳаракати автобусҳо шурӯъ шуда, сипас ба тадриҷ ҳаракати автобусҳо дар масирҳои дигар низ роҳандозӣ мешавад".
Қаблан мақомоти ду кишвар дар бораи ҳаракати автобусҳо миёни шаҳрҳои Душанбе-Термиз, Бохтар-Деҳнав, аз Панҷакенти Тоҷикистон ба шаҳрҳои Самарқанду Бухоро, аз Хуҷанд ба Тошканд ва аз Конибодом ба шаҳрҳои водии Фарғонаи Узбекистон тавофуқ карда буданд. Аз ҷониби Тоҷикистон ширкати "Азия Экспресс" масъули интиқоли мусофирон шуда, ин ширкат бад ин манзур аз Узбекистон чанд адад автобусҳои нав харидорӣ кардааст.