Вазорати тандурустии Фаластин гуфт, ки нирӯҳои Исроил рӯзи ҷумъа дар марз бо Ғазза чаҳор эътирозгарро куштаанд. Яке аз онҳо Аъзам Ҳувайдои 15-сола аст.
Ба хабари вазорат, дар ин ҳодиса дусад тани дигар маҷруҳ шудаанд.
Артиши Исроил мегӯяд, беш аз даҳ ҳазор сокини Ғазза даст ба шӯриш зада, бархе аз онҳо талош кардаанд, ки сарҳадро убур намоянд. Онҳо гуфтанд, тибқи муқаррарот амал кардаанд, на бешу кам аз он.
Сокинони Ғазза як моҳ боз дар марз бо Исроил тазоҳурот мекунанд. Бино ба гузоришҳо, дар ин муддат нирӯҳои Исроил 41 нафарро кушта, ҳазорҳо тани дигарро маҷруҳ кардаанд.
Эътирозгарон тақозо доранд, ба онҳо иҷозаи баргашт ба минтақаҳое, ки Исроил тасарруф кардааст, дода шавад.