Вазири умури хориҷии Амрико ба ҳамтои туркаш ҳушдор додааст, ки системаи S-400-ро аз Русия нахаранд.
Як мақоми Иёлоти Муттаҳида гуфт, Майк Пампео рӯзи 27-уми апрел дар ҳошияи нишасти НАТО дар Брюссел бо Мавлуд Човушоғлу – вазири умури хориҷии Туркия – суҳбат кард. Ӯ гуфтааст, харидории S-400 бо ончи ки Анкара муттаҳиди НАТО ба шумор меравад, ҳамоҳангӣ надорад.
Пеш аз ин, мақомҳои дифоии Туркия гуфта буданд, Анкара ва Маскав мувофиқатномаеро имзо карданд, ки бар асоси он Русия 2 системаи мушакии S-400-ро ба арзиши дуним миллиард доллар ба Туркия фароҳам мекунад.