Тоҷири маъруф шаҳрдори Тошканд таъйин шуд

Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Узбекистон бо шаҳрдори нави Тошканд Ҷаҳонгир Ортиқхоҷаев

Раҳмонбек Усмонов, ки солҳои тӯлонӣ шаҳри Тошканди Узбекистонро раисӣ мекард, рӯзи 26-уми апрел аз мақом барканор шуд. Дар ҳоли ҳозир Ҷаҳонгир Ортиқхоҷаев иҷрокунандаи вазифаи раиси пойтахти он кишвар таъйин гардидааст.

Ҷаҳонгир Ортиқхоҷаеви 43-сола то ин замон мудири корхонаи воҳиди Tashkent City ва роҳбари ширкати Artel Engineering буд. Ортиқхоҷаев ҳамзамон молики ширкати AKFA Group - истеҳсолкунандаи дару тирезаҳои пластикӣ - аст.

Вай баъди он шинохта шуд, ки ба маҳзи сари қудрат омадани Шавкат Мирзиёев - президенти Ӯзбекистон - лоиҳаҳои бузурги тиҷоратии ин кишварро зери назорат гирифт.

Хабар дода мешавад, ки раиси пешини шаҳри Тошканд Раҳмонбек Усмонов муовини аввали раиси Оҷонсии мошинсозии Ӯзбекистон "Узавтотранс" таъйин шудааст.