Пулис ҷасади қурбонии "куштори номусӣ"-ро аз қабр берун овард

Пулиси Покистон дар назди қабри Сана Чима

Мақамоти Покистон ҷасади як зани итолиёвиро, ки гуфта мешавад хешонаш ӯро барои сарпечӣ аз издивоҷи ташкилшуда ба қатл расонидаанд, аз қабр берун овард. Дар ин бора мақомот рӯзи 25-уми апрел хабар доданд. Колбадшикофӣ ба хотири тасдиқ ё инкори ин иттиҳом анҷом мешавад.

Сана Чимаи 25-сола, шаҳрванди покистонитабори Италия, рӯзи 18-уми апрел дар шаҳри Гуҷарати вилояти Панҷоб, ки барои дидани хешонаш омада буд, вафот кард.

Ин қазия дар ҳоле рӯ зад, ки дӯстони Сана Чима хабари марги ӯро дар шабакаҳои иҷитимоӣ нашр ва пулисро ба таҳқиқи қазия водор карданд. Аввали ҳафтаи равон пулис падар ва амаки Сана Чимаро барои бозпурсӣ боздошт кард.

Хешони Чима иддао доранд, ки ӯ дар пайи бемории номфълум вафот кард. Аммо пулис ин фарзияро таҳқиқ мекунад, ки хешони духтар ӯро баъди сарпечӣ аз издивоҷ бо марде, ки онҳо интихоб карда буданд, куштанд.

Чима мактаби миёнаро дар шаҳри Брестсиаи Италия хатм кард ва моҳи сентябр шарҳрвандӣ гирифт. Матбуоти Италия менависад, ӯ бо марде аз шаҳри Брестсиа робитаи ошиқона дошт.

Агар қатли Сана Чима тасдиқ шавад, ин дуюмин "куштори номусӣ" дар Панҷоб хоҳад буд, ки дар онҳо занони покистонитабори Ғарбӣ муҷозот шудаанд. Падар ва ҳамсари собиқи шаҳрванди Британия Самиа Шаҳид соли 2016 дар қатли ӯ муттаҳам шуданд.

Ҳамасола садҳо зан барои нақзи суннатҳои муҳофизакоронаи Покистон қурбонии "кушторҳои номусӣ" мешаванд. Аксари ин кушторҳо хешони онҳо анҷом медиҳанд.