Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон (КДАМ, сарвазири пешини ин кишвар Сафар Исҳоқовро ба бозпурсӣ даъват кард. Дар ин бора Исҳоқов рӯзи панҷшанбе дар саҳифаи Фейсбук хабар дод ва ҳамзамон акси даъватномаро нашр кард.
Дар даъватнома навишта шудааст, ки сарвазири пешин бояд соати 15:00 рӯзи 26 апрел барои бозпурсӣ ба ҳайси шоҳид ба КДАМ ҳозир шавад.
Роҳат Сулаймонов, сухангӯи КДАМ гуфт, ки Исҳоқов дар доираи парвандаи ҷиноятии садама дар маркази гармидиҳии шаҳри Бишкек бозпурсӣ мешавад. Зимистони имсол, дар авҷи сардиҳо, маркази гармидиҳии шаҳри Бишкек аз кор монд ва сокинон аз сардӣ ранҷ кашиданд.
Сафар Исҳоқови 40-сола ҳамагӣ камтар аз 8 моҳ ба ҳайси сарвазири Қирғизистон фаъолият кард ва рӯзи 19 апрел, баъд аз раъйи беэътимодии порлумон, бо фармони президент аз мақом барканор шуд.
Исҳоқов аз нафарони наздик ба президенти пешини Қирғизистон Алмосбек Отамбоев ҳисоб мешавад. Отамбов бо Сооронбой Ҷеенбеков, президенти нави Қирғизистон дар ҳоли мухолифат қарор доранд. Президент Ҷеенбеков дар ин авохир як идда мақомдорҳои калидӣ, аз ҷумла раҳбари КДАМ ва додситони кишварро, ки дар аҳди Отамбоев интихоб шуданд, аз мақомашон барканор кард.