Масъулони Хадамоти зиндонҳои Қирғизистон гуфтанд, назорати видеоии раҳбари ҳизби мухолифи "Ота-Макон" ва вакили пешини порлумони ин кишвар Омурбек Текебоев дар маҳбаси рақами 47 қатъ карда шуд.
Дурбини назоратиро аз ҳуҷраи Текебоев рӯзи 11-уми апрел дар ҳоле берун карданд, ки сарвазири пешини Қирғизистон Сафар Исҳоқов дастур дод, имкони қатъи назорати видеоии Текебоев баррасӣ шавад.
29-уми январи соли равон ошкор шуд, ки масъулони маҳбаси рақами 47-и Қирғизистон дар ҳуҷрае, ки раҳбари Ҳизби мухолифи "Ота-Макон" нигаҳдорӣ мешавад, дурбини назоратӣ насб кардаанд. Мақомот гуфтанд, ин кор бо ҳадафи таъмини амният шудааст, аммо ҳомиёни ҳуқуқ ва худи зиндонӣ аз ин норозӣ буданд.
Омурбек Текебоев ва шарики ӯ - Дуйшенқул Чотонов - моҳи августи соли гузашта ба гирифтани 1 миллион доллар "пора" дар доираи парвандаи ширкати "Мегаком" айбдор шуда, бо мусодираи амвол 8 сол ҳукми зиндон гирифтанд. Моҳи октябри соли гузашта додгоҳи шаҳрии Бишкек қарори додгоҳи ноҳиявиро бе тағйир гузошт.
Зиндониҳо парвандаашонро сиёсӣ меноманд.