Бердимуҳаммадов хостори таъсиси Шӯрои сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ шуд

Шавкат Мирзиёев ва Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов

Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, президенти Туркманистон, пешниҳод кард, ки Шӯрои сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ таъсис ёбад ва гуфт, ин шӯро метавонад, мулоқоти мунтазами раҳбаронро ба роҳ монад. Бердимуҳаммадов ин пешниҳодро дар ҷараёни сафараш ба Узбекистон ироа кард, ки ду рӯз пеш ҷараён гирифт.

Расонаҳои Туркманистон хабар медиҳанд, ки бо ибтикори Бердимуҳаммадов барои ташкили чунин як шӯро гуруҳи коршиносони панҷ кишвар ҷамъ хоҳанд шуд.

Ташаббуси президенти Туркманистон дар ҳоле садо медиҳад, ки як моҳ пеш дар шаҳри Остонаи Қазоқистон мулоқоти сарони панҷ кишвари Осиёи Марказӣ баргузор гардида буд. Зимнан, дар он мулоқот Бердимуҳаммадов ширкат надошт.

Саммити Остона, ки рӯзи 15-уми марти имсол барпо шуд, нахустин мулоқоти машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ном гирифт.