Федертасияи Инқилоби Арманистон аз эътилофи ҳизби ҳоким хориҷ мешавад

Ағвон Варданиян - раҳбари Федератсияи Инқилоби Арманистон

Федератсияи Инқилоби Арманистон (Дашнактсютун) эълон кард, ки аз эътилоф бо ҳизби ҳокими Ҷумҳурихоҳ хориҷ мешавад. Ин ҳизб гуфт, порлумон бояд нафареро нахуствазир интихоб кунад, ки аз эътимоди мардум бархӯрдор аст.

Ҳамзамон иҷрокунандаи вазифаи нахуствазири Арманистон Карен Карапетян рӯзи 25-уми апрел хабари истеъфояш аз ин мақомро шахсан рад кард. Карапетян ин хабарро дар Фейсбук такзиб кард.

Қаблан маълумоти сиёсатмадорони мухолифин, дар робита ба истеъфои Карапетян, аз тарафи сухангӯи ӯ Арам Араратян рад шуд.

Хабари аз мақоми иҷрокунандаи вазифаи нахуствазир рафтани Карапетянро намояндаи мардумӣ аз ҷиноҳи "Элк" - яке аз раҳбарони ҷунбиши зидди ҳукумати феълӣ - Арарат Мирзоян дар Фейсбук нашр кард.