Дар рӯзи сафари Бердимуҳаммадов роҳҳо ба Урганҷ баста шуд

Дар шаҳри Урганҷи вилояти Хоразми Узбекистон дар робита ба сафари Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, президенти Туркманистон равуо баста шуд. Рӯзи 24 апрел Шавкат Мирзиёев, президенти Узбекистон ҳамтои туркманашро дар шаҳри Урганҷ пешвоз гирифт.

Сокинони маҳаллӣ мегӯянд, равуо дар шаҳр давоми ду рӯз қатъ шуд. "Духтари ман ҳамарӯза аз ноҳияи Хонкин ба шаҳри Урганҷ меравад, зеро дар онҷо таҳсил мекунад. Ду рӯз аст, ки вай ба хона баргашта наметавонад ва дар манзили ҳамдарсонаш шабро рӯз мекунад. Духтари ман дар коллеҷ таҳсил дорад. Вай тамос гирифту гуфт, ки тамоми рӯз дар кӯча истода, президентҳоро пешвоз гирифтаанд", - гуфт як сокини ноҳияи Хонкини вилояти Хоразм.

Тавре донишҷӯён аз вилояти Хоразм хабар медиҳанд, роҳбарони мактабҳои олии вилоят ба донишҷӯён дарстур додаанд, ки соати 9 субҳ ба кӯчаҳои Урганҷ баромада, то 9 бегоҳ интизор шаванд. Донишомӯзони донишгоҳҳои Урганҷ ва Хеваро дастур додаанд, ки ба пешвози президенти Туркманистон бо либоси махсус бароянд.

Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов бо сафари дурӯзаи давлатӣ 23 апрел вориди Узбекистон шуда буд.