Александр Лукашенко, раиси ҷумҳури Беларус, дар шарҳи “инқилоби махмалии Арманистон” гуфт, ки “ана, ҳамин тавр, моро якто-якто аз байн мебаранд”.
Лукашенко нагуфт, ки дақиқан киро дар назар дорад, аммо аз сухарониаш дар Русия ёдовар шуд. “Ба ҷойи инки якҷо шуда, масъалаҳоро ҳал кунем, аз гиребони якдигар мегирем ва ба рӯи якдигар мушт мекашем”, - гуфт президент дар паёми солонааш ба порлумон ва шаҳрвандони Беларус.
Рӯзи гузашта нахуствазири Арманистон Серж Саргсян аз мақомаш истеъфо дод. Ин ҳодиса баъди 11 рӯзи намоишҳои эътирозии мухолифин ба вуқуъ пайваст. Саргсян эътироф кард, ки ӯ ба иштибоҳ роҳ дод ва лидери мухолифин ҳақ буд.
“Ҳолати феълӣ чанд роҳи ҳал дорад, аммо ман ба ҳеҷ яки ин роҳҳо намеравам. Ин шеваи ман нест. Ман аз мақоми раҳбари ҳукумати Арманистон канор меравам”, - гуфт Серж Саргсян.
Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антонио Гутерриш бо назардошти шеваи мусолиҳатомези таҳаввулоти Арманистон аз тарафҳо даъват кард, ки ба қонун эҳтиром гузоранд ва муколамаро ба роҳ монанд.
Серж Саргсян 10 сол раҳбари Арманистон буд. Александр Лукашенко зимоми қудрат дар Беларусро аз соли 1994 дар даст дорад. Владимир Путин 18 сол боз ба Русия раҳбарӣ мекунад.