Тоҷикистон, Қирғизистон ва Арманистон - дарёфткунандагони аслии кумакҳои Русия

Александр Панкин

Александр Панкин, муовини вазири корҳои хориҷии Русия, гуфт, Маскав соли 2017 барои кумак ба кишварҳои дар ҳоли рушд 1,2 миллирад доллар додааст. Ӯ рӯзи 24-уми апрел дар ин бора дар суҳбат бо хабаргузории РИА Новости иттилоъ дод.

Ба қавли Панкин, Маскав ба кишварҳои қаламрави Шӯравии собиқ ва ҳамчунин "шарикони қадимии стратегиаш дар Амрикои Лотинӣ ва Осиё" кумаки молӣ мекунад. Ӯ гуфт, доираи ин кишварҳо мушаххас аст, аммо аз ягон давлат ном набурд.

Ба маълумоти коршиносон, дар тӯли 11 соли охир бахши кумак ба давлатҳои хориҷӣ дар буҷети Русия, аз 100 миллиони соли 2005, 11 баробар бештар шуд. Коршиносон мегӯянд, се давлат - Қирғизистон ($ 323 миллион), Арманистон ($37,3 миллион) ва Тоҷикистон ($21,7 миллион) аз бузургтарин дарёфткунандагони кумакҳои Русия ба шумор меоянд.

Солҳои охир Маскав беш 80 миллиард доллар қарзи кишварҳои дигарро бахшид, дар ҳоле ки қарзи хориҷии худаш ба беш аз 50 миллиард расидааст. Ба ғайри аз ин, аз соли 2014 ба ин тараф, фақр дар Русия ба таври пайваста рушд мекунад.