Нахуствазири Арманистон Серж Саргсян аз мақомаш истеъфо дод

Тазоҳуроти Арманистон

Дар 11-умин рӯзи эътирозҳои Ереван, нахуствазири Серж Саргсян, ки нишастани ӯ ба курсии раҳбари ҳукумат ҳазорҳо нафарро ба шӯр овард, рӯзи 23 апрел аз мақомаш истеъфо дод. Эътирозгарон Сагисянро, ки рӯзи 17 апрел, як ҳафта баъди анҷоми муҳлати президентиаш нахуствазир интихоб шуд, ба ғасби ҳукумат дар Арманистон муттаҳам карданд. Хабари истеъфои Саргсян дар сомонааш нашр шуд.

Истеъфои нахуствазир рӯзи душанбе ба думболи озод шудани Никол Пашинян раҳбари ҷиноҳи мухолифин дар порлумон, аз боздошт пахш шуд. Пашинян рӯзи 22 апрез боздошт шуд ва то лаҳзаи берун шуданаш аз боздошт макони нигаҳдориаш маълум набуд. Дар чаҳорчӯби маъракаи нофармонӣ, ки Пашинян эълон кард, эътирозгарон роҳҳоро дар маркази шаҳр ва ҳамин тавр роҳ ба сӯи ноҳияҳо масдуд карданд.

Пашинян "ҳақ буд, ман ноҳақ", - омадааст дар изҳороти Саргсян. Нахуствазири пешин гуфтааст, имкони дигари ҳалли муқовимат бо эътирозгарон вуҷуд дошт, аммо ӯ нахост аз онҳо истифода кунад.

"Ман аз мақоми нахуствазир меравам",- гуфт Саргсян дар изҳороте, ки дар сомонааш нашр кард.