Лулаи газ ва геополитка - ду ҳадафи сафари Бердимуҳаммадов ба Тошканд

Раисони ҷумҳури Узбекистон ва Туркманистон аз назди горди ифтихорӣ мегузаранд

Дар пасманзари фаъолиятҳои чашмгири дипломатӣ дар Осиёи Марказӣ, баъди марги раҳбари дарозумри Узбекистон Ислом Каримов, раиси ҷумҳури Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов рӯзи душанбе бо сафари дурӯза вориди Тошканд шуд.

Ба гуфтаи дафтари матбуотии президенти Узбекистон, дар ҷараёни ин сафар раисони ҷумҳур Шавкат Мирзиёев ва Қуробонгулӣ Бердимуҳаммадов масоили иқтисодӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва ҳамчунин масоили минтақави ва байналмилалиро матраҳ хоҳанд кард.

Манбаи наздик ба ҳукумати Туркманистон ба радиои Озодӣ гуфт, ки бунёди лӯлаи гази Туркманистон- Афғонистон-Покистон ва Ҳиндустон (TAPI) дар ин сафар мавриди баррасӣ қарор мегирад.

Туркманистон ба мушкилоти иқтисодӣ гирифтор аст ва интизор дорад, ки лӯлаи газ баъди солҳо баҳсу баррасӣ билохира бунёд шуда, кишварро аз фишори молӣ берун меорад.

Бердимуҳаммадов бори охир соли 2016, дар ҷанозаи президент Каримов, раҳбаре, ки бо ҳамсояҳо равобити хуб надошт, ба Узбекистон сафар карда буд.

Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев равобити хуб бо ҳамсоҳоро авлавияти сиёсаташ унвон кардааст. Ӯ баъди расидан ба қудрат аввалин сафари хориҷиашро дар соли 2017 аз Туркманистон оғоз кард.