Дабири кулли СММ: "Ҷанги сард дубора баргашт"

Антонио Гутерриш.

Антонио Гутерриш.

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антонио Гутерриш эътироф кард, ки Шӯрои Амниятии СММ дар шакли феълиаш қодир ба ҳалли муноқишаи Сурия нест. "Ҷанги сард баргашт",- гуфт Гутерриш дар сӯҳбат бо шабакаи телевизионии SVT-и Шведсия.

Ҳамзамон Дабири кулли СММ дар муқоисаи зиддиятҳои асри XX бо зиддиятҳои феълӣ чанд аломати фарқкунандаро мебинад. "Он замон низои байни Иттиҳоди Шӯравӣ ва ИМА бисёр ҷиддӣ буд, ҳоло бошад гап сари манофеи якчанд тарафи низоъ аст,- мегӯяд Гутерриш.

Ба гуфтаи ӯ, ба ғайри ИМА ва Русия, дар Ховари Миёна кишварҳое мисли Эрон, Туркия ва Арабистони Саудӣ фаъол шудаанд. Аммо бозигарони бузург, тавре, ки дар гузашта буд, дигар наметавонанд ҳамаи иштирокдорони муноқишаро контрол кунанд,- гуфт Дабири куллии СММ.

Ҳузури якчанд артиши мухталиф дар қаламрави Сурия, бо пуштибонӣ аз гурӯҳҳои мухтилиф, мухолифати манфиатҳо ва низои байни шиаву сунниҳо дар ин минтақа рӯшан ба назар мерасад. "Дар чунин ҳолат ин бовар, ки СММ метавонад ҳамаи ин мушкилотро ҳал мекунад соддалавҳона аст- афзуд Гутерриш.

Дабири кулл ба ислоҳоти Шӯрои Амнияти СММ таъкид кард, ки тасвири сиёсии ҷаҳонро баъди Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ инъикос мекунад, на ҳолати сиёсати ҷаҳонии феълиро.