"Зиндагӣ бо мардони сарватманд". Нақли духтари 23-солаи тоҷик. ВИДЕО

Мавлуда, сокини 23-солаи шаҳри Душанбе, мегӯяд, аз ҷумлаи духтаронест, ки мардҳои сарватманд ба хотири ниёзҳои худ нигоҳубинаш мекунанд. Вай маълумоти миёна дорад. Аз хонаи волидон барвақт баромадааст ва мегӯяд, барои худ зиндагӣ мекунад. "Ба назарам, ин рафтори ман дуруст аст", - гуфт ӯ.

Мавлуда нақл кард, ки бисёр мехост бо ҷавони дӯстдоштааш оила барпо кунад. Аммо мегӯяд, аз лаҳзаи аввал ин фикр азият медод, ки "агар ин ҷавон пул надошта бошад ва ҳадди ақал пули иҷораи хонаро дода натавонад, бо ӯ чӣ кор хоҳад кард".

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Зиндагӣ бо мардони сарватманд. Нақли духтари 23-солаи тоҷик

"Баъдан бо духтаре ошно шудам, ки маро ба назди марди сарватманде бурд. Ман ба ӯ маъқул шудам. Хуш дошт, ки бо ман дар кӯчаҳо бигардад ва ба маъракаҳо биравад", - нақл кард ӯ.

Тақозои ин мард аз Мавлуда ҷуз ин чизи дигар набудааст, чунки ба гуфтаи ӯ, ин мард миёнсол буд ва бо духтарони ҷавон дар ҷашнҳо пайдо шуданаш, гӯё ба обрӯяш меафзуд. Вай гуфт, "либос ва телефон мехарид, аммо аз ӯ барои ин кор бештар пул мегирифтам. Чунки бо пул метавонистам чизи табъи диламро бихарам, на чизе, ки ба ӯ мақбул аст."

Мавлуда то ин вақт бо се марди сарватманд бо чунин шева мезист. Албатта, пас аз марди аввал феҳрасти вазоиф тағйир хӯрд, ба маъшуқа табдил ёфт. "Ҳар зан мехоҳад, ороста бошад, таоми болаззат бихурад, "Айфон" дошта бошад, пояфзоли гароннарх бипӯшад, дар манзили барҳаво сокин шавад", - мегӯяд ӯ.

Вай мепиндорад, ки атрофиён бо ҳасад ба ӯ менигаранд. Худаш ҳам мегӯяд, бо вуҷуди ҳанӯз ҷавон будан, рӯзгори боназм ва пуршукуҳ дорад: “Ҳар чӣ бихоҳам, бо як занги телефон дармеёбам.”

Ӯ чунин фикр мекунад, ки дар муқоиса ба ҳамсолонаш ояндаи дурахшон дорад. “Пули ин ҳуҷраеро, ки ҳоло зиндагӣ мекунам, хушдорам мепардозад, тӯҳфаҳо мебахшад. Вақте бо дугонаҳоям ба тарабхона меравам, пул медиҳад. Дар ивази ин ҳар шабе, ки бихоҳад, ба наздам меояд.”

Бо вуҷуди ин ҳама хушбинӣ ба шеваи зиндагӣ, Мавлуда эҳсоси танҳоӣ мекунад ва дар гӯшае аз қалб зиндагии боназмтареро мехоҳад. “Мепиндорам, оқибат яке аз мардҳои хушдорам маро ба занӣ мегирад ва барои ман хона мегирад”, – хулоса кард ӯ.

Аммо дар ҷомеаи мусалмони Тоҷикистон вокунишҳо ба чунин шеваи зиндагии Мавлуда яксон нест. Бисёриҳо дар кишвар бар ин назаранд, ки духтарон то замони арӯсӣ дар хонаи волидон зиста, боқии умрро дар канори шавҳару фарзандон паси сар кунад.