Таҳримҳои ИМА зидди чанде аз тоҷирон, ходимони давлатӣ ва ширкатҳои Русия натиҷаеро ба бор оварданд, ки Вашингтон дар талоши он буд. Дар ин бора вазири молияи ИМА Стивен Мнучин рӯзи 19 апрел дар суҳбат бо телевизиони Fox хабар дод.
Ба гуфтаи Мнучин, ИМА аз ҷорӣ кардани таҳримҳо алайҳи Русия "ҳарос надорад" ва омодааст, ин таҳримоҳро дар оянда таҳким диҳад. Аммо, ба гуфтаи Мнучин, Амрико ҷорӣ кардани таҳримҳоро аз қабл эълон намекунад.
Рӯзи якшанбеи 15 апрел намояндаи доимии ИМА дар СММ Никки Ҳейлӣ хабар дод, ки рӯзи оянда таҳримҳои нави ИМА зидди Русия эълон мешаванд. Ҳейлӣ гуфт, таҳримҳои навбатии ИМА ба далели пуштибонии Башор Асад, президенти Сурия аз сӯи Русия эълон хоҳанд шуд. Аммо Кохи сафед баъдтар гуфт, ки масъалаи ҷорӣ кардани таҳримҳои нав дар ҳоли баррасист. Мнучин гуфт, ибтидо қарори эълони таҳримҳои нав қабул шуда буд, вале баъдтар бекор гардид. Дар ин миён Ҳейлӣ аз тасмимҳои охир хабар надошт.
Вазорати молияи ИМА рӯзи 6 апрел исми чанд тоҷири бонуфузи Русия - аз ҷумла Олег Дерипаска ва Виктор Векселберг, инчунин чанд ширкати марбут ба онҳоро шомили рӯйхати таҳримҳо кард. Ин боиси беқурбшавии рубли русӣ ва коҳиши арзиши саҳмияҳои ширкати "Русал"-и Дерипаска гардид.