Дар мурофиаи додгоҳии 18 апрел шаҳрванди Узбекистон Раҳмат Оқилов, ки дар содир кардани амали террористӣ дар Стокҳолм айбдор мешавад, гуноҳашро қисман эътироф кард.
Додгоҳи Стокҳолм рӯзи панҷшанбе баррасии парвандаи ҳамлаи террористии 7 апрели соли 2017-ро ба анҷом расонд. "Оқилов аз 149 даъвогар даъвои 130 нафарро эътироф кард. Дар ибтидои баҳсҳои додгоҳӣ Оқилов ҳамчунин қатли панҷ танеро эътироф карда буд, ки дар натиҷаи ҳамлаи вай кушта шуданд", - хабар дод Радиои Шветсия.
Пештар аз ин Раҳмат Оқилов гуфта буд, ки ҳамла ба пойтахти Шветсияро бо дастури яке аз роҳбарони гуруҳи террористии "Давлати исломӣ" анҷом додааст.
Интизор меравад, ҳукми Оқилов нимаи дувуми моҳи июн эълон шавад.
Раҳмат Оқилови 40-сола - зодаи Узбекистон - моҳи апрели соли гузашта бо мошини борбар пиёдагардонро пахш кард. Дар натиҷаи ин ҳамла панҷ одам кушта, панҷ тани дигар захмӣ шуд.