Истифодаи паёмрасони Telegram баъди баста шуданаш дар қаламрави Русия рӯ ба афзоиш овард. Дар ин бора шабакаи телевизионии РБК рӯзи 19 апрел бо такя ба ширкати таҳлилии SimilarWeb гузориш дод.
19 апрел, дар нахустин рӯзи масдуд шудани Telegram, 1 миллиону 200 ҳазор корбар аз Русия ба сомонаи Telegram.org ворид шуданд, ки дар муқоиса бо 9 апрел 27 дар сад бештар будааст. Ҳамзамон теъдоди онҳое, ки замимаи Telegram-ро дар як ҳафта ба телефонҳои Android насб кардаанд, ду баробар бештар шуд.
РБК мегӯяд, ки сарфи назар аз баста шудани Telegram истифодаи паёмрасон дар Думаи давлатӣ, Шӯрои федератсия, Кремл ва ҳукумат ҷараён дорад. Намояндагони мардуми инро назорат ба иҷрои қонуни баста шудани паёмрасон маънидод карданд.
Рӯзи ҷумъаи гузашта додгоҳе дар Маскав амри оҷилан бастани шудани Telegram-ро содир кард. Ҳукм баъди он содир шуд, ки раҳбарияти Telegram бо такя ба банди Қонуни асосӣ дар бораи мукотибаи маҳрамона, аз додани калиди паёмҳои корбарон ба Хадамоти амнияти Русия сарпечӣ кард. Ҳамон рӯз Роскомнадзор Telegram-ро ба феҳрасти замимаҳои мамнӯъ дар Русия ворид кард.
Бунёдгузори Telegram Александр Дуров гуфт, ки барои истифодаи паёмрасон аз тарафи корбарон дар Русия, ба ширкатҳои қуфлшикан ва VPN миллионҳо доллар грант медиҳад.