Пулиси Арманистон рӯзи 19-уми апрел ҷонибдорони мухолифинро боздошт кард, ки мехостанд роҳ ба сӯи биноҳои ҳукуматиро масдуд кунанд. Эътирозгарон бар зидди интихоби президенти пешин ба мақоми нахуствазир эътироз доранд ва Серж Саргсянро ба тасарруфи қудрат дар Арманистон муттаҳам мекунанд.
То зуҳри рӯзи панҷшанбе аз боздошти 20 эътирозгар хабар пахш шуд.
Роҳбари мухолифин Никол Пашинян як рӯз пеш аз эътирозгарон хост, ки субҳи панҷшанбе дар назди бинои ҳукумат ҷамъ шаванд ва аз вуруди вазирон ба бино пешгирӣ кунанд.
Пулиси Арманистон эътирозгаронро огоҳ кард, ки "бархе аз иншоот мавқеи вижа дорад" ва дар сурати ғайриқонунӣ ворид шудан ба биноҳо ё итоат накардан ба фармони мақомот, пулис "чораандешӣ" хоҳад кард.
Пашинян гуфт, ки пулис ҳақ надорад, зидди эътирозгарони осоишта аз силоҳ истифода кунад. Ӯ ба ҷонибдоронаш гуфт, ки тактикаро иваз мекунанд. Эътирозгарон акнун ҳаракатро манъ намекунанд, балки дар роҳҳо пиёда мераванд ва аз ронандагон хоҳиш мекунанд, ки бо нишони эътироз зидди Серж Саргсян "сигнал"-и мошинро баланд кунанд.